Ozodivideo
Ахбори Озодӣ аз 25-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 25-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар макони садамаи мошини раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷасади марде ёфт шудааст, Трамп мегӯяд, Эрон ба гузаштҳои бузург мувофиқат намуд, мушкили бинокорон дар Русия ва роботи намозхон дар Имороти муттаҳидаи Араб.
- Title
- Муноқишаи наврасони тоҷик дар Варшава. Яке захмӣ дигарӣ боздошт шудааст
- Runtime
- 1:36
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон, дар пайи муноқишаи ду навраси 15 солаи тоҷик, яке захмӣ ва бистарӣ, дигарӣ боздошт шуд.
🔶Дар ин бора пулиси Лаҳистон хабар дод. Дар хабарномаи расмӣ, ки сомонаи ин ниҳод нашр кардааст, оварда шудааст, ки ҳодиса рӯзи 15-уми июн замоне рух додааст, ки наврасон байни ҳам муноқиша кардаанд.
🔶Дар натиҷа, яке аз онҳо ҳамсолашро бо силоҳе, ки қаблан аз интернет харида буд, захмӣ кардааст.
🔶Пулис баъди расидан ба ҷойи ҳодиса, муайян кардааст, ки ҷароҳати наврас ҷиддӣ набуда, ба ҷонаш хатар таҳдид намек...
- Title
- Чоҳи об дар Афғонистон. Пулашро “як бародар аз Тоҷикистон” додааст
- Runtime
- 0:55
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон як чоҳи нави об ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи сокинон, харҷ онро як шаҳрванди Тоҷикистон пардохт, аммо ному насаби ӯ ошкор намешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар баъзе аз деҳаҳои Тоҷикистон мардум аз нарасидани об азоб мекашанд. Шумо ба чунин иқдом чӣ назар доред?
- Title
- Идомаи афзоиши нархи сӯхишворӣ дар Тоҷикистон
- Runtime
- 1:21
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ронандагон аз идомаи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доранд. Феълан нархи он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе вобаста ба навъи он то 11 сомониву 70 дирам аст. Ин дар ҳолест, ки ду моҳ пеш арзиши бензин 9 сомониву 50 дирам буд.
Нархи сӯзишвории дизелӣ, яъне солярка феълан 13 сомониву 50 дирам аст, ки дар муқоиса ба 2 моҳи гузашта бештар аз як сомонӣ гарон шудааст. Ин нархҳо дар ҳудуди Душанбе дида мешаванд, дар минтақаҳои дурдаст арзиши сӯзишворӣ аз ин ҳам болотар аст.
Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикисто...
- Title
- Ҳабси се мансабдори собиқи Исфара
- Runtime
- 0:26
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми гурӯҳе аз мансабдорони собиқи шаҳри Исфараро содир кардааст. Ин мансабдорон ба сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани замин ва ришваситонӣ муттаҳам шуда, аз панҷуним то 14 сол маҳкум ба зиндон шудаанд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/chand-mansabdori-sobiqi-isfara-baroi-zaminfurushi-jazo-giriftaand/33787833.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 24-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:55
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (24.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:06
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Бритониё як марди тоҷик барои дастдарозӣ ба ноболиғ зиндонӣ мешавад
Чанд мансабдори собиқи Исфара барои заминфурӯшӣ ҷазо гирифтаанд
Бо гузашти як ҳафта аз садама, ҷасади раиси вилояти Бадахшонро наёфтаанд
Ҳамлаҳои Украина ба Русия, Қримро бе бензину маводи хӯрока гузошт
Бадрафторӣ бо бачаи рӯбоҳ дар Нуробод хашми мардумро барангехт
- Title
- Чеҳраҳои шинохта шомили қонуни афв нашудаанд
- Runtime
- 1:34
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Манбаъҳои огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонуни нави афв нисбати шахсиятҳое, ки дар доираи парвандаи “табаддулот” зиндонӣ шудаанд, татбиқ нагардид.
🔶Хешовандони ҳадди ақал се нафар аз ин шахсиятҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар парвандаи ин афрод моддаи 306-и Кодекси ҷиноӣ ё талоши ғасби қудрат ҷой дорад ва ин иттиҳом шомили афв намешавад.
🔶Пайвандони яке аз зиндониён гуфт, қабл аз эълони афв мақомот ба зиндон омада, рӯйхати шахсони аз 55-сола болоро барои озод кардан номнавис карданд. Аксари маҳкумшудагон дар доираи парвандаи ...
- Title
- Дар Тоҷикистон ҷазо барои дарахтбурӣ сангинтар шуд
- Runtime
- 1:11
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Порлумони Тоҷикистон Қонуни кайфариро дигар кард ва акнун ҷазо барои ғайриқонунӣ буридани дарахт ва нобуд кардани ҷангалҳо сангинтар мешавад.
Бар пояи навгонии қонун, ҷаримаи дарахтбурии ғайриқонунӣ аз 700 то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 54 то 70 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст. То ин вақт ҳадди аксари чунин ҷарима 54 ҳазор сомонӣ буд.
Ҳамчунин ҷарима барои нобуд кардан ё зарар расондан ба бешазорон низ аз 40 ба 93 ҳазор сомонӣ боло бурда шуд.
Вакилон мегӯянд, ин тағйир аз маҳви дарахтону бешазорон пешгирӣ хоҳад кард. Ин дар ҳ...
- Title
- Амрико баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон сабук кард
- Runtime
- 2:07
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Иёлоти Муттаҳида бар асоси тафоҳумномаи сулҳ баъзе аз таҳримҳоро нисбат ба Эрон барои ду моҳ сабук кард.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/amriko-ba-ze-az-tahrimhoro-nisbat-ba-eron-sabuk-kard/33787078.html
- Title
- Мухлисони Равшан ва Ҳосилот якдигарро заданд. Кӣ ҷазо мегирад?
- Runtime
- 1:25
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Рӯзи 20-уми июн пас аз анҷоми бозии дастаи Ҳосилоти Фархор ва Равшани Кӯлоб миёни мухлисон занозанӣ шудааст. Чанде аз ҳаводорони дастаҳои футбол ҳам захм бардоштаанд ва ҳоло федератсияи футболи Тоҷикистон қазияро баррасӣ дорад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/mukhlisoni-ravshan-va-hosilot-yakdigarro-zadand-ki-jazo-megirad/33787077.html
- Title
- Аз Далери Имомалӣ то Аҳмади Иброҳим. Кӣ кай озод мешавад?
- Runtime
- 2:29
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/az-daleri-imomali-to-ahmadi-ibrohim-ki-kay-ozod-meshavad/33787082.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (23.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:16
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Давлати Олмон, як паноҳҷӯи тоҷикро бо писараш ба Тоҷикистон фиристод
Қонуни афв чанд хабарнигори тоҷикро аз ҳуҷраи зиндон берун мекунад
Хоҳари Маҳмадалӣ Ҳаитро пас аз шикоят ҷарима бастаанд
Амрико таҳримот ба зидди Эронро барои муддате беэътибор кард
Мухлисони Равшан ва Ҳосилот якдигарро заданд. Кӣ ҷазо мегирад?
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 23-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Хабарҳои рӯз
- Title
- Аз Далери Имомалӣ то Аҳмади Иброҳим. Кӣ кай озод мешавад?
- Runtime
- 1:35
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави афв ҳукми зиндони хабарнигорон Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Аҳмади Иброҳим, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова сесолӣ кам шудааст.
Бархе аз онҳо соли 2022 боздошт ва бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ, ки худашон напазируфтаанд, аз ҳафт то даҳ сол зиндонӣ шудаанд.
- Title
- Садҳо нерӯ ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонашро мекобанд
- Runtime
- 1:00
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Садҳо нерӯ дар амалиёти ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсараш Амина Амонуллоева, духтари дусолааш Орифа, ёвараш Садоншо Ҷанобалишо ва ронандааш Сино Муборакшоев иштирок доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри як навори видеоӣ аз амалиёти ҷустуҷӯӣ гуфт, ки беш аз 100 наҷотбахши ин ниҳод дар баробари дигар сохторҳои қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.
Ба иттилои ин ниҳод, корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳи...
- Title
- Шоҳида Маҳмадҷонова аз зиндон озод шудааст
- Runtime
- 1:03
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Шоҳида Маҳмадҷонова, пизишки собиқ ва модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов, ки бо номи "Абдураҳмон 09" маъруф асту пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодиҳои сиёсӣ ва динӣ танқид мекунад, аз зиндони занона дар шаҳри Норак озод шудааст.
Ӯ моҳи феврали соли 2022 дастгир ва дертар бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва ақидаи созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буд. Чизе, ки наздиконаш инкор карданд.
- Title
- Канда шудани порае аз девори бинои нимсохт дар Хуҷанд
- Runtime
- 0:27
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар пайи шамоли сахт порае аз девори як бинои нимсохт дар шаҳри Хуҷанд канда шудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми июн рух додааст. Дар наворҳое, ки дар он лаҳзаи ҳодиса сабт шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси сифати биноҳои навро дубора доғ кард. Шоҳидон гуфтанд, дар ҳодиса касе осеб надид. Ин бино дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, ба ширкати сохтмонии “Каскад” тааллуқ доштааст. Назари намояндагони ширкат ба ҳодиса маълум нест.
- Title
- Сел дар Тоҷикистон вайронӣ овард
- Runtime
- 1:41
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар чаҳор рӯзи ахир чанд минтақаи Тоҷикистон аз офати табиӣ зиён дидааст. Ҷасади як сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки 19-уми июн дар сел ғарқ шуд, рӯзи 22-юми июн пайдо карда, ба хок супурдаанд. Мақомот хабар додаанд, ки дар офатҳои табиӣ хонаҳои сокинон, роҳу пулҳо ва хати интиқоли барқ зиён дидаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/sel-dar-tojikiston-vayroni-ovard/33786292.html
- Title
- Амрикову Эрон гуфтаанд, музокиротро идома медиҳанд
- Runtime
- 2:38
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мақомоти Покистон ва Қатар, ки миёнҷигарони аслӣ дар музокироти Амрико ва Эрон ҳастанд, мегӯянд, ду тараф рӯи як чаҳорчӯб барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоии сулҳ дар зарфи 60 рӯзи оянда ба мувофиқа расиданд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/amrikovu-eron-guftaand-muzokirotro-idoma-medihand/33786293.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (22.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:11
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сел дар Тоҷикистон як касро кушт ва хонаҳоро вайрон кард
Дар Русия ба як муҳоҷири тоҷик дарафтода биниашро буридаанд
Амрикову Эрон гуфтаанд, ки музокирот дар бораи сулҳро идома медиҳанд
Раҳгузарон дар Душанбе ба суоли ба шумо аз Русия пул мефиристанд, ҷавоб доданд
Фаластиёни беҷошуда мусобиқоти ҷаҳонии футболро дар вайронаҳо тамошо мекунанд
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 22-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ахбори Озодӣ
- Title
- Тасдиқи боздошти чанд мансабдори пешини Кӯлоб
- Runtime
- 1:41
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Оҷонси зидди фасод (коррупсия) дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ба зидди чанд мансабдори пешин дар шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми азхуд кардани пули буҷа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Манобеи Радиои Озодӣ пештар гуфта буданд, ки дар ҷараёни тафтиши кори Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори пешини Кӯлоб, чанде аз зердастони собиқи ӯро боздошт кардаанд.
Барот Расулӣ, муовини аввали раиси Оҷонси зидди фасод, 22-юми июн дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, дар моҳҳои апрел-май "самаранок истифодабарии маблағҳои буҷет" дар ҳукумати шаҳри Кӯлобро са...
- Title
- Шарифхон Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ шудааст
- Runtime
- 1:24
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Баъди марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.
🔶Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.
🔶Ин қарорро "Рӯзномаи Бадахшон" рӯзи 19-уми июн нашр кард.
#тоҷикистон #хоруғ #хабар #помир #бадахшон
- Title
- “Толибон” телефонҳои ҳушмандро нобуд мекунанд
- Runtime
- 0:53
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- “Толибон”, гурӯҳи тундрави ҳоким дар Афғонистон, маҳдуд кардани истифода аз телефонҳои ҳушмандро барои кормандони идораҳои давлатӣ оғоз намудааст.
Дар баъзе аз минтақаҳо гузориш дода мешавад, ки телефони сокинони одӣ ҳам ҳадаф қарор гирфтаанд ва нигарониҳо ба миён омадаанд, ки ин дастур ҳама ва саросари Афғонистонро фаро мегирад.
- Title
- Занозании мухлисони дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот”
- Runtime
- 1:23
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Рӯзи 20-уми июн баъди анҷоми бозии дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор миёни мухлисони ду даста занозанӣ рух додааст.
🔶Бозии ду тим дар ноҳияи Фархор баргузор шуд ва бо пирӯзии тими “Равшан” тамом шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди анҷоми бозӣ мухлисон ба ҳам дарафтода, ба сӯи якдигар сангпартоӣ мекунанд. Дар видеои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шишаҳои шикастаи як автобус ҳам дида мешавад.
🔶Сабаби сар задани ин ҷанҷол маълум нест ва пулиси Хатлон ҳам дар ин бора шарҳе надодааст. Дафтари матбуоти Федерат...
- Title
- 20 дақиқа варзиши ҳатмӣ. Талоши пешгирӣ аз бемории қанд дар Тоҷикистон
- Runtime
- 3:57
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Варзиши 20-дақиқаии ҳатмӣ. Талоши пешгирӣ аз бемории қанд дар Тоҷикистон.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/varzishi-20-daqiqaii-hatmi-taloshi-peshgiri-az-bemorii-qand-dar-tojikiston/33784576.html
- Title
- Як шаҳрванди Тоҷикистон ба нерӯҳои Украина таслим шудааст
- Runtime
- 1:33
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мақомоти Украина мегӯянд, яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Русия ба ҷанг фиристодааст, довталабона ба нерӯҳои он кишвар таслим шудааст.
Вазорати дифои Украина рӯзи 19-уми июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ҷавони тоҷик ба тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” муроҷиат кард ва нерӯҳои украинӣ ӯро аз ҷабҳаи ҷанг гуруснаву ташна, вале солим берун оварданд.
Дар ин баёния омадааст, муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки солҳои зиёд дар Русия буд, пас аз боздошт ва таҳдиди ихроҷ шудан бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанги Украина рафтааст.
- Title
- Дар Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии СҲШ доир шуд
- Runtime
- 4:41
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Душанбе нишасти вазирони корҳои хориҷии СҲШ доир шуд. Коршиносон мегӯянд, дар ин созмон нақши Чин то рафт боло меравад ва ин кишвар дар талоши тақвияти нуфузаш дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. Иршод Сулаймонӣ ва Амир Исоев гузориш медиҳанд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-dushanbe-nishasti-vazironi-korhoi-khorijii-shsh-doir-shud/33784567.html
- Title
- Ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш то ҳол ёфт нашудааст. Ҷустуҷӯ идома дорад
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/jasadi-alisher-mirzonabot-va-hamrohonash-to-hol-yoft-nashudaast-justuju-idoma-dorad/33784587.html
- Title
- Ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав муҳоҷирони тоҷикистонии бозори "Садовод"-ро ба даҳшат овард
- Runtime
- 2:06
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ дирӯз бозори калони «Садовод»и Маскав ҳам оташ гирифт, ки макони муҳими кору даромади муҳоҷирон аз Тоҷикистон дониста мешавад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/hamlai-besarnishinho-ba-maskav-muhojironi-tojikistonii-bozori-sadovod-ro-ba-dahshat-ovard/33784536.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 19-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Даҳҳо наҷотбахш барои ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш сафарбар шудаанд. Тоҷирони тоҷикистонӣ дар ҳамлаҳои паҳподҳо ба “Садовод” зиён диданд. Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Шангҳай чиро баррасӣ кард? Дар Тоҷикистон 20-дақиқаӣ варзиши ҳатмии ҳамарӯза ҷорӣ шуд. Зани 65-солаи тоҷикистонӣ барои убури ғайриқонунии сарҳади Русия ба ҳабс маҳкум шуд.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (19.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 14:43
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Даҳҳо наҷотбахш барои ҷустуҷӯйи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш сафарбар шудаанд.
Тоҷирони тоҷикистонӣ дар ҳамлаҳои паҳподҳо ба “Садовод” зиён диданд.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Шангҳай чиро баррасӣ кард?
Дар Тоҷикистон 20-дақиқаӣ варзиши ҳатмии ҳамарӯза ҷорӣ шуд.
Зани 65-солаи тоҷикистонӣ барои убури ғайриқонунии сарҳади Русия ба ҳабс маҳкум шуд.
- Title
- Варзиши 20-дақиқаии ҳатмӣ дар Тоҷикистон
- Runtime
- 1:26
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Варзиши 20-дақиқаии ҳатмӣ барои тамоми муассисаҳои корӣ дар Тоҷикистон
🔶Аз бими хатари бемории қанд, ки бо суръати баланде дар Тоҷикистон паҳн мешавад, аз ин баъд тамоми муассисаҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҳар рӯз кормандонашонро барои муддате ба варзиш машғул кунанд. Бар асоси Кодекси нави тандурустӣ, ки рӯзи 10-уми июн Маҷлиси намояндагон қабул кард, кормандони тамоми идораҳои давлатӣ ё хусусӣ кормандони бояд на камтар аз 20 дақиқа варзиш кунанд, ки як роҳи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва бемории диабети қанд ба ҳисоб меравад.
🔶Бар асоси ...
- Title
- Зарари тоҷирони тоҷик аз ҳамлаи паҳбодии Украина ба Маскав
- Runtime
- 1:22
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар сӯхтори бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав чанд тоҷири тоҷик ҳам зарар дидаанд.
Бозори "Садовод" дар пойтахти Русия, ки муҳоҷирони тоҷик ҳам он ҷо кор мекунанд, шаби гузашта дар ҳамлаи бесарнишинҳои Украина осеб дид.
Субҳи 18-уми июн Украина ба пойтахти Русия ҳамлаи густурдаи бесарнишинҳоро анҷом дод. Ба гуфтаи мақомот, яке аз паҳподҳо ба корхонаи нафт бархӯрда, пораҳои як бесарнишини дар ҳаво сарнагуншуда, ба ҳудуди маркази савдо афтиданд.
Як соҳибкори тоҷик, ки дар ин бозор савдо мекунад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, ...
- Title
- Кӣ афв мешаваду кӣ аз ин иқдоми хайр дур хоҳад монд?
- Runtime
- 2:43
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Аз замони нашри қарори афви маҳбусон дар Тоҷикистон, як пурсиши асосӣ ин аст, ки озодӣ насиби киҳо мешавад ва чӣ касоне барои сабуктар шудани гуноҳашон умедвор буда метавонанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ki-afv-meshavadu-ki-az-in-iqdomi-khayr-dur-khohad-mond/33783817.html
- Title
- Дар Дарвоз ҷустуҷӯйи ҷасадҳои раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорад
- Runtime
- 5:06
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Дарвоз ҷустуҷӯйи ҷасадҳои раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-darvoz-justujuyi-jasadhoi-raisi-vmkb-alisher-nabotzoda-va-hamrohonash-idoma-dorad/33783812.html
- Title
- Трамп ва Пизишкиён Эъломияи тафоҳуми ИМА ва Эронро имзо карданд
- Runtime
- 2:19
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Имзои тафоҳумномаи сулҳ байни Амрико ва Эрон бо истиқболи гарми бисёр кишварҳои ҷаҳон рӯбарӯ шуд. Инчунин аз Душанбе президент Эмомалӣ Раҳмон имзои ин санадро, ки мумкин аст, ба муноқиша байни ду кишвар поён диҳад, табрик гуфтааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tramp-va-pizishkiyon-e-lomiyai-tafohumi-ima-va-eronro-imzo-kardand/33783822.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 18-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар ноҳияи Дарвоз ҷустуҷӯйи ҷасадҳои раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорад. ИМА ва Эрон як рӯз пеш аз муҳлат Эъломияи тафоҳумро имзо карданд. Кӣ афв мешаваду кӣ не: Шарҳи Қонуни афв. Шикасти дастаи Узбекистон дар қувваозмоии аввали Ҷоми ҷаҳонии футбол.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (18.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар ноҳияи Дарвоз ҷустуҷӯйи ҷасадҳои раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш идома дорад.
ИМА ва Эрон як рӯз пеш аз муҳлат Эъломияи тафоҳумро имзо карданд.
Кӣ афв мешаваду кӣ не? Шарҳи Қонуни афв.
Шикасти дастаи Узбекистон дар қувваозмоии аввали Ҷоми ҷаҳонии футбол.
- Title
- Ҳалокати як коргар дар ҳавзи заршӯӣ дар Дараи Зарбуз
- Runtime
- 0:52
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Як сокини 37-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳавзи заршӯӣ ғарқ шуда, ҷон бохтааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳия рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҷабалӣ Шарифов барои кор ба Дараи Зарбуз рафта, ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ғарқ шудааст. Ҳодиса рӯзи 16-уми июн рӯй дод. Манбаъ гуфт, ҷасадро баъди ду рӯз ёфта, ба пайвандонаш доданд.
"Ҳоло дар Дараи Зарбуз баъди рафтани чиниҳо, тоҷикҳо ва аслан мардуми таҳҷоии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунанд", - афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғ...
- Title
- Сӯхтор дар тарабхонаи “Шоми Даврон”
- Runtime
- 0:35
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сӯхтор дар тарабхонаи “Шоми Даврон” дар шоҳроҳи Душанбе-Шаҳринав. Сӯхтор субҳи 18 июн рух додааст.
Сабаб ва ҳаҷми зарари расида аз ин сӯхтор маълум нест
- Title
- Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш
- Runtime
- 1:10
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамроҳонашро бо гузашти як рӯз аз сарозер шудани машинашон ба дарёи Панҷ наёфтаанд.
Мошине, ки Алишери Мирзонабот, ҳамсару як фарзандаш ва ёвари ӯро аз Душанбе ба Хоруғ мебурд, рӯзи 17-уми июн дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтодааст.
Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо намудани ҷасади онҳо идома дошта, бо таваҷҷуҳ ба сатҳу тезии об кофтукоб мушкил шудааст.
“Ҳоло сатҳи об баланд аст, дар чунин шароит кори каме...
- Title
- Сарнавишти фаъолони зиндонии ҳизби наҳзати исломӣ чӣ хоҳад шуд?
- Runtime
- 4:49
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сарнавишти фаъолони зиндонии ҳизби наҳзати исломӣ чӣ хоҳад шуд?
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/sarnavishti-fa-oloni-zindonii-hizbi-nahzati-islomi-chi-khohad-shud/33783024.html
- Title
- Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар афв мешавад
- Runtime
- 3:34
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-tojikiston-besh-az-18-hazor-nafar-afv-meshavad/33783017.html
- Title
- Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз
- Runtime
- 1:33
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷон бохтааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/halokati-alisher-mirzonabot-raisi-vmkb-dar-sadamae-dar-darvoz/33783002.html
- Title
- Трамп баъзе ҷузъиёти Созиш бо Эронро шарҳ дод
- Runtime
- 2:30
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, созишномае, ки бояд миёни Вашингтон ва Теҳрон имзо шавад, Эронро аз ҳаққи доштани силоҳи ҳастаӣ маҳрум мекунад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tramp-ba-ze-juz-iyoti-sozish-bo-eronro-sharh-dod/33783013.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 17-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мошини Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ афтодааст. Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар афв мешавад. Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷунбиш табдил ёфтааст. Президенти ИМА баъзе ҷузъиёти созиш бо Эронро шарҳ дод.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (17.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ҳмроҳ бо чанд тани дигар дар садамае дар ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расид.
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар афв мешавад.
Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷунбиш табдил ёфтааст.
Президенти ИМА баъзе ҷузъиёти созиш бо Эронро шарҳ дод.
- Title
- Мошини Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ афтодааст
- Runtime
- 1:12
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз шаҳри Душанбе ба Хоруғ, дар даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошинаш ба дарёи Панҷ рафтааст. Гуфта мешавад, аъзои хонаводаи Мирзонабот низ дар дохили мошин будаанд.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.
Се манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса ҳангоми бозгашти ӯ...

