Ozodivideo
ИМА ГУФТ, 5 НАФТАКАШИ ЭРОНРО НОБУД КАРДААСТ
- Title
- ИМА ГУФТ, 5 НАФТАКАШИ ЭРОНРО НОБУД КАРДААСТ
- Runtime
- 0:58
- Date posted
- 10 days ago
- Description
- Эрон бо анҷоми ҳамлаҳои нави мушакӣ ба Урдун гуфт, ки дар посух ба зарбаҳо ба нафткашҳои эронӣ як пойгоҳи низомии Амрикоро ҳадаф қарор додааст. Урдун мегӯяд, 18 мушаки баллистикиро раҳгирӣ кард, дар ҳоле ки артиши Амрико мегӯяд, пас аз талошҳои нокоми Эрон барои ҳамла ба як киштии ҷангии Амрико панҷ киштии ҳомили нафти хоми Эронро нобуд кард. Ин ҳамлаҳои ахир аз ташдиди якбораи низоъ дар атрофи гулӯгоҳи Ҳурмуз ва халиҷи Уммон дарак медиҳанд.
#эрон #иран #ҷангиэрон #амрико #америка #ҳурмуз #хурмуз #урдун #ахбориҷаҳон #хабар #озоди #озодӣ #радиои...
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (09.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 12:23
- Date posted
- 10 days ago
- Description
- Табрики раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бо Иди истиқлолияти Тоҷикистон
Коршиноси амрикоӣ гуфт, таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон ба кишварҳои ОМ осеб мерасонад
ИМА панҷ нафткаши Эронро тахриб намуд
Собиқ корманди ОМОН гуфт, дар Тоҷикистон падарашро фишор меоранд
- Title
- НИГОҲЕ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
- Runtime
- 1:45
- Date posted
- 10 days ago
- Description
- Дар Тоҷикистон 35-мин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Маросимҳои асосӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар ин 35 сол хеле дигаргун шуд. Телевизионҳои давлатӣ аз пешрафтҳои Тоҷикистон мегӯянд ва онҳоро ба як шахс, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Сокинон ва коршиносон назари дигар доранд.
#душанбе #тоҷикистон #ҷашнимиллӣ #ҷашниистиқлолият #эмомалирахмон #пойтахт #рустамиэмомали #хабар #ахбориточикистон #радиоиозодӣ #озодӣ #озоди
- Title
- Тоҷикистон дар 35 сол чиро аз даст доду чӣ ба даст овард?
- Runtime
- 13:27
- Date posted
- 10 days ago
- Description
- Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр 35-умин солгарди истиқлоли хешро таҷлил кард. Дар ин муддат, ба мушкилоти зиёде ҳам дучор шудааст ва дастовардҳое низ доштааст. Радиои Озодӣ аз се коршинос, яке дар дохил ва ду нафар аз Аврупову Амрико хост, ҷиддитарин мушкилоту дастовардҳои кишварро бигӯянд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tojikiston-dar-35-sol-chiro-az-dast-dodu-chi-ba-dast-ovard/33850182.html
- Title
- 35 соли истиқлоли Тоҷикистон ба шумо чӣ дод?
- Runtime
- 2:51
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- 35 соли истиқлол ба шумо чӣ дод? Назари мардум.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33850156.html
- Title
- Дар паёми Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фақат аз дастовардҳо сухан гуфт
- Runtime
- 1:08
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- Дар паёми Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фақат аз дастовардҳо сухан гуфт
- Title
- "Қассоби Босния" дар маросими ботантана ба хок супурда шуд
- Runtime
- 1:56
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- Дирӯз дар шаҳри Белград, пойтахти Сербия маросими видоъ бо собиқ фармондеҳи артиши сербҳои Босния Ратко Младич барпо шуд. Ӯ ду ҳафта пеш дар зиндони СММ дар шаҳри Гаага даргузашт. Младичро дар наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият айбдор кардаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/qassobi-bosniya-dar-marosimi-botantana-ba-khok-supurda-shud/33850167.html
- Title
- ҲАМЛАИ МАРГБОРИ НИМАШАБИИ РУСИЯ БА КИЕВ
- Runtime
- 1:29
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- Шаби 8-уми сентябр Русия ба пойтахти Украина, шаҳри Киев, бо мушакҳои бaллистикӣ ҳамла кард. Дар ин ҳамлаҳо ду нафар кушта шуд. Ҳамла пас аз чанд соати тарки Киев кардани намояндаҳои вижаи Кохи Сафед, ки барои расидан ба созиши сулҳ миёни Русия ва Украин талош доранд, сурат гирифт.
#киев #украина🇺🇦 #русия #россия🇷🇺 #ҷангиукраина #ҷанг #мушак #паҳбод #баллистический #радиоиозодӣ #озоди #ахбориозоди #озоди #хабар #ахбориточикистон
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (08.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 12:41
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон хомӯш кардани оташи ҷангро аз дастовардҳои 35 соли истиқлолияти Тоҷикистон номид
Сиёсатшиносони дохилию хориҷӣ аз дастоварду чолишҳои кишвар гуфтанд
Дар Белград "қассоби Босния" ҳамчун қаҳрамони миллӣ ба хок супурда шуд, вале наздикони қурбониҳои дасти ӯ ба ӯ лаънат мехонанд
- Title
- Ахбори Озодӣ
- Runtime
- 0:00
- Date posted
- 11 days ago
- Description
- Хабарҳои рӯз
- Title
- Пас аз се соли ҳабс Салимҷон Насриддинов аз зиндони амрикоӣ раҳо шуд
- Runtime
- 1:48
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Пас аз се соли ҳабс Салимҷон Насриддинов аз зиндони амрикоӣ раҳо шуд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/pas-az-se-soli-habs-salimjon-nasriddinov-az-zindoni-amrikoi-raho-shgud/33849237.html
- Title
- Эмомалӣ Раҳмон дигарбора аз афсарон хост, ойинномаи низомиро риоят кунанд
- Runtime
- 1:57
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон дигарбора аз афсарон хост, ойинномаи низомиро риоят кунанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/emomali-rahmon-digarbora-az-afsaron-khost-oyinnomai-nizomiro-rioyat-kunand/33849232.html
- Title
- Хабарнигори мисрӣ Соро Халифа бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ба эъдом маҳкум шуд
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Хабарнигори мисрӣ Соро Халифа бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир ба эъдом маҳкум шуд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/khabarnigori-misri-bo-aybnomai-qochoqi-mavodi-mukhaddir-ba-e-dom-mahkum-shud/33849245.html
- Title
- Чаро тоҷикон барои табобат ба хориҷа мераванд? (Назари корбарон)
- Runtime
- 1:24
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Чаро тоҷикон барои табобат ба хориҷа мераванд? (Назари корбарон)
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/charo-tojikon-baroi-tabobat-ba-khorija-meravand/33849244.html
- Title
- Интизороти Украина аз аввалин сафари фиристодаҳои сулҳи ИМА ба Киев
- Runtime
- 2:16
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Интизороти Украина аз аввалин сафари фиристодаҳои сулҳи ИМА ба Киев.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/intizoroti-ukraina-az-avvalin-safari-firistodahoi-sulhi-ima-ba-kiev/33849223.html
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (07.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 11:47
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Паради низомӣ дар шаҳри Душанбе
Музокироти сулҳи фиристодаҳои Трамп дар Маскаву Киев
Соҳибкори тоҷик дар Амрико ба озодӣ баромад
Пурсиш: Чаро барои табобат ба хориҷа мераванд?
Соро Халифа, барандаи телевизиони Миср ба ҳукми қатл маҳкум шуд
- Title
- Чаро барои табобат ба хориҷа мераванд?
- Runtime
- 1:57
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон чунин суол пурсиданд ва посухҳоро дар видео бинед. Фикри шумо чист?
#табобатитабиӣ #табобат #назарисокинон #назар #душанбе #точикистон #тоҷикистон #ҷарроҳӣ #беморхона #бемор #радиоиозодӣ #озодӣ #озоди #ахбориозоди #ахбориозоди #хабарҳоитоҷикӣ #хабар
- Title
- ПАС АЗ НӮҲ РӮЗ ДАР НЕПАЛ ДУ КАСРО ЗИНДА ПАЙДО КАРДАНД
- Runtime
- 1:26
- Date posted
- 12 days ago
- Description
- Баъди нӯҳ рӯзи фоҷеаи маргбори Непал, ҳадди ақал барои ду сокини ин кишвар мӯъҷизае рух дод. Дар як нақби гидроэнергетикии Непал субҳи 4 сентябр ду мардро зинда пайдо кардаву наҷот доданд. Ин ду нафар механикҳои нирӯгоҳи барқи обии “Тришулии боло” будааст.
#непал #офатитабиӣ #офат #фоҷеа #радиоиозодӣ #озодӣ #хабар #ахбориозоди #озоди
- Title
- Тоҷикистон ҳафтаи оянда 35-сола мешавад
- Runtime
- 2:00
- Date posted
- 14 days ago
- Description
- Дар Тоҷикистон ҳафтаи ояндаи 35-умин солгарди истиқлоли кишварро ҷашн мегиранд, ки панҷсолаи аввали он бо нооромӣ ва олуда ба хунрезӣ сипарӣ шудааст. Шаҳри Душанбе пойтахти кишвар имсол мизбони асосии ҷашни истиқлол аст.
- Title
- Дар Непал ду нафарро пас аз 9 рӯз зинда ёфтанд
- Runtime
- 1:26
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Баъди нӯҳ рӯзи обхезии фалокатбор дар Непал,барои ду сокини ин кишвар мӯъҷизае рух дод. Дар як нақби неругоҳи барқие дар Непал субҳи 4 сентябр ду мардро зинда пайдо кардаву наҷот доданд.
- Title
- Идомаи баҳси молики "Ҷумъабозор" ва ширкати сохтмонии "Асри мо"
- Runtime
- 5:58
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Як рӯз баъд аз он, ки Додситонии вилояти Суғд дар баҳси замин тарафи соҳибмулкони "Ҷумъабозор"-ро гирифт, рӯзи якуми сентябр Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд даъвои моликони онро рад кард.
- Title
- АГАР ЯК МИЛЛИОН МЕЁФТЕД, БА ЧӢ САРФ МЕКАРДЕД?
- Runtime
- 1:41
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе ин саволро кардем ва посухҳо гуногун буд. Ҷавоби шумо чӣ ҳаст?
#якмиллион #миллион #душанбе #тоҷикистон #камбағалӣ #камбизоатӣ #маъюб #хайр #садақа #маош #ватан #точикистон #радиоиозодӣ #озодӣ #озодӣ
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (4.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 9:48
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Сарбози 19-солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст
Тоҷикистон ҳафтаи оянда 35-сола мешавад
Дар Непал ду нафарро пас аз 9 рӯз зинда ёфтанд
“Як миллион сомонӣ ёбам... бизнес, хайр мекунам”
- Title
- Чаро байни нерӯҳои амниятии Украин даргирӣ ба амал омад?
- Runtime
- 1:37
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Бар асари даргирии мусаллаҳона миёни маъмурони Созмони истихбороти низомии Украина ва Хадамоти амнияти ин кишвар дар Киев се афсар захмӣ шудаанд. Ҳарду тараф сабаби даргириро ба гунаи худ шарҳ медиҳанд. Зеленский ин ҳодисаро "комилан шармовар" хонд ва хостори "посухгӯӣ" шуд. Чаро ин ҳодиса ба амал омад ва чӣ пайомаде барои ниҳодҳои амниятии Уркаина хоҳад дошт?
#киев💙💛 #украина🇺🇦 #ҷанг #радиоиозодӣ #сбу #хбу #хабар #ахбор
- Title
- Ислом Каримов барои тоҷикон кӣ буд?
- Runtime
- 10:40
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбекистон, даҳ сол пеш, 2-юми сентябри 2016, даргузашт. Ӯ 78 сол дошт ва 27 соли охираш Узбекистонро бо мушти сангине идора кардааст. Каримов дар таърихи муосири Тоҷикистон низ нақши хосе бозида, муносибатҳои байни ду кишварро ба сардтарин нуқта расонда буд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/islom-karimov-baroi-tojikon-ki-bud/33845496.html
- Title
- Хабарнигори тоҷик мегӯяд, тоҷиконро ба зӯр ба ҷанг мебаранд
- Runtime
- 3:29
- Date posted
- 15 days ago
- Description
- Хабарнигор ва таҳлилгари тоҷики муқими Аврупо Абдуманнон Шералиев мегӯяд, ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Украина вақтҳои ахир зиёд шудааст ва ӯ далелҳое дорад, ки низомиёни Русия садҳо нафарро аз кӯчаву бозор, ҷойи кор ва ҳатто идораҳои муҳоҷиратӣ дуздида ба ҷанг бурдаанд.
- Title
- Кӯҳнаварди амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳалок шудааст
- Runtime
- 1:39
- Date posted
- 16 days ago
- Description
- Як кӯҳнаварди амрикоӣ ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ аз кӯҳ афтода ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа бо Метт Доусон, кӯҳнаварди 47-сола, ки як ҷаҳонгард ва ризокори маъруф аст, рӯзи 15 август рух додааст, вале хабари даргузашти ӯро хонаводааш 1-уми сентябр дар Инстаграм нашр кард.
- Title
- Ахбори Озодӣ (02.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 10:01
- Date posted
- 16 days ago
- Description
- Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (3.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 12:38
- Date posted
- 16 days ago
- Description
- Ҳалокати кӯҳнаварди шинохтаи амрикоӣ дар Тоҷикистон
Хабарнигори тоҷик мегӯяд, тоҷиконро ба зӯр ба ҷанг мебаранд
Баҳси “Ҷумъабозор”-и Хуҷанд дарозу печида шуд
Зиндагии шумо дар соли гузашта беҳтар шуд, ё бад?
- Title
- Раҳмону Путин дар бораи муҳоҷирон гуфтанд, ё не?
- Runtime
- 1:56
- Date posted
- 16 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, ҳамтои руси ӯ ҳангоми мулоқот дар шаҳри Бишкек аз ҳамкориҳои дуҷониба ва нигарониҳои амниятӣ дар марзи Афғонистон гуфтугӯ кардаанд. Сӯҳбат рӯзи 1 сентябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой сурат гирифт.
- Title
- Амрикову Эрону дигарбора ба якдигар ҳамла карданд
- Runtime
- 2:05
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Артиши Амрико шаби 1 ба 2-юми сентябр ба мавзеъҳое дар Эрон ҳамла кард. Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, пойгоҳҳои нерӯҳои амрикоиро дар минтақа ҳадаф қарор дод. Расонаҳои эронӣ аз кушта шудани дастикам панҷ нафар дар ҳамлаҳои шаби гузашта хабар доданд.
- Title
- ИСЛОМ КАРИМОВ БАРОИ ТОҶИКОН ЧӢ КАРД?
- Runtime
- 2:53
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Даҳ сол пеш, охири моҳи августи соли 2016, чашму ҳушҳо ба сӯйи Тошканд равона буд. Хабарҳои тасдиқношудае мерасид, ки гуё президенти вақти Узбекистон Ислом Каримов фавтидааст. Телевизиони давлатии Узбекистон танҳо рӯзи 2-юми сентябр расман аз марги Каримов хабар дод. Ӯ 78 сол дошт ва 27 соли охираш Узбекистонро бо мушти сангине идора кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо Ислом Каримов. Сентябри 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо Ислом Каримов. Сентябри 2016
Каримов дар та...
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (2.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 10:33
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Раҳмону Путин дар бораи муҳоҷирон гуфтанд, ё не?
Аз даргузашти Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбекистон даҳ сол гузашт
Амрикову Эрону дигарбора ба якдигар ҳамла карданд
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (2.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 0:00
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Раҳмону Путин дар бораи муҳоҷирон гуфтанд, ё не?
Аз даргузашти Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбекистон даҳ сол гузашт
Амрикову Эрону дигарбора ба якдигар ҳамла карданд
Ва хабарҳои дигар
- Title
- Коршиноси СММ: Тоҷикистон ҳамоно пойбанди пули муҳоҷирон аст
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст.
Изҳороти Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, рӯзи 31-уми август ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон нашр шуд.
- Title
- "Тоҷикистон ҳамоно вобастаи пули муҳоҷирон аст"
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст. Изҳороти Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, рӯзи 31-уми август ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон нашр шуд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tojikiston-hamono-vobastai-puli-muhojiron-ast/33844857.html
- Title
- Раҳмон гуфт, ба Эрон меравад
- Runtime
- 2:45
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 1-уи сентябр бо Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон дар Бишкек гуфтугу ва ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ду кишварро баррасӣ кардааст.
- Title
- "Кор нест", "проблема надорем"
- Runtime
- 1:10
- Date posted
- 17 days ago
- Description
- Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ин суол ба чанде аз раҳгузарон дар шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, ки ба назари онҳо душворӣ ва ё мушкилоти асосӣ дар Тоҷикистон ва ё пойтахти он шаҳри Душанбе кадомҳоянд.
- Title
- Раҳмон, Путин, Мирзиёев дар Бишкек чӣ гуфтанд?
- Runtime
- 2:24
- Date posted
- 18 days ago
- Description
- Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, ки Тоҷикистон яке аз муассисони он аст. Ин созмони азим бо вуҷуди 25 соли таъсис ҳанӯз дар дохил ихтилофоти зиёде дорад.
- Title
- Ахбори Озодӣ (01.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 10:04
- Date posted
- 18 days ago
- Description
- Хабарҳои рӯз
- Title
- Ахбори "Озодӣ" (1.09.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 10:28
- Date posted
- 18 days ago
- Description
- Раҳбарони кишварҳои минтақа дар Бишкек чӣ гуфтанд?
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ба Эрон сафар мекунад
Як намояндаи СММ гуфт, муҳоҷирон мушкили Тоҷикистонро ҳал намекунанд
Ҷойи кор, музди кам, ҷанҷол барои таксӣ, мушкилоти асосӣ дар Душанбе?
- Title
- "ОБЛАВА" ИДОМА МЕКУНАД?
- Runtime
- 2:32
- Date posted
- 19 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, аз аввали моҳи октябр то ноябри имсол ҷалби ҷавонон ба артиш оғоз шавад.
Тибқи ин фармон, ҷавононе, ки аз соли 1999 то 2008 таваллуд шудаанд, яъне аз 18 то 27-сола ҳастанд, бояд ба артиш сафарбар шаванд.
#облава #сарбозшикор #тоҷикистон #точикистон #таджикистан #даъватбахизматихарби #артиш #хабар #ахбориозоди #ахбор #радиоиозодӣ #озодӣ
- Title
- Даъват ба артиш имсол бе ҷанҷол мегузарад?
- Runtime
- 2:30
- Date posted
- 19 days ago
- Description
- Дар Тоҷикистон мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Фармонро дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми август имзо кардааст. Даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол бо баҳсу кашмакаш ва гоҳо ҷанҷолу даъво дар кӯчаҳо ҳамроҳ аст. Имсол чӣ гуна хоҳад гузашт?
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33844143.html
- Title
- Амрикову Эрон боз ба ҳамдигар ҳамла карданд
- Runtime
- 2:01
- Date posted
- 19 days ago
- Description
- Артиши Амрико шаби 30 ба 31-уми август ба мавзеъҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷазираи Лорак, дар наздикии тангаи Ҳурмуз, ҳамла кардааст. Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, дар иваз пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор дод.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33844142.html
- Title
- Ахбори Озодӣ
- Runtime
- 10:06
- Date posted
- 19 days ago
- Description
- Ахбори Озодӣ
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (31.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 10:34
- Date posted
- 19 days ago
- Description
- Даъват ба артиш имсол бе ҷанҷол мегузарад?
Гуруҳе аз нозирон барои тафтиш ба Хуҷанд рафтаанд
Амрикову Эрон дигарбора ба ҳамдигар ҳамла карданд
Дастури Раҳмон барои дур кардани ноболиғон аз шабакаҳои иҷтимоӣ
- Title
- “Қассоби Босния” дар зиндони Созмони Милал даргузашт
- Runtime
- 3:33
- Date posted
- 21 days ago
- Description
- Ратко Младич, собиқ фармондеҳи низомии сербҳои Босния, ки бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ба зиндони умрбод маҳкум шуда буд, рӯзи 27-уми август даргузашт. Вай 84-сола ва бо лақаби “Қассоби Босния” маъруф буд
- Title
- Беморӣ ва муолиҷаи Аҳмадшоҳ Комилзода дар зиндон
- Runtime
- 3:09
- Date posted
- 21 days ago
- Description
- Шаҳноз Комилзода, духтари Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини зиндонии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, падараш дар маҳбас ба илтиҳоби шуш гирифтор шудааст ва даҳ рӯз боз муолиҷа мегирад. Ӯ моҳи феврали соли 2025 дар доираи парвандаи “кӯшиши табаддулот” ба 19 сол зиндон маҳкум гардид.
- Title
- ТОҶИКОН ШУМО ЧӢ КОР МЕКУНЕД?
- Runtime
- 3:56
- Date posted
- 22 days ago
- Description
- Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия, эътироз кард, ки 800 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудаанд. Ӯ ин гапро рӯзи 18 август дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт.
Вай аз он норозӣ аст, ки дар даҳ соли гузашта иҷоза додаанд, тоҷикистониҳои зиёде шаҳрвандии Русияро бигиранд. Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирситезӣ дар Русия як баҳона ва назари мардумро аз мушкили ҷомеа ба ҷои дигар ҷалб кардан ...
- Title
- Ҷоизаи Рустами Эмомалӣ ва танқиди мухолиф
- Runtime
- 3:16
- Date posted
- 22 days ago
- Description
- Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кардааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 28-уми август хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ "барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи кишвар ба ин ҷоиза сарфароз гашт."

