Ozodivideo
Ёздаҳ ҷонбохтаи тасодуфи роҳ
- Title
- Ёздаҳ ҷонбохтаи тасодуфи роҳ
- Runtime
- 1:21
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Субҳи 2-юми июл дар як тасодуф дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи он, Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулан” бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрдааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, ронандаи мошини боркаши “Дулан”, ронандаи “Тойота Прадо” ва 9 нафар мусофирони воситаҳои нақлиёти “Опел Зефира” ва “Тойота Прадо”, к...
- Title
- Ташриф Халилов: "Як қанотам шикаст"
- Runtime
- 2:30
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ташриф Халилов, дӯст ва ҳамкори Бахтиёр Раҳимов, раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии "Ғарибшоҳ", ки душвориҳои ҷомеаро бо забони танз баён мекард, марги ногаҳонии ӯро талафоти сангин барои ҳаводоронаш донист. Бахтиёр Раҳимов дар 57-солагӣ даргузашт ва рӯзи якуми июл дар зодгоҳаш, деҳаи Ноҷии Ҳисор, ба хок супурда шуд. Аз ӯ як писар ва ду духтар мондааст.
- Title
- Гумонзад ба қатли 4 узви як хонавода ҳабси абад гирифт
- Runtime
- 1:21
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сафаралӣ Валӣ, сокини 32-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бо гуноҳи қатли чаҳор узви як хонадон ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми июн эълон, вале хабараш якуми июл дастрас шуд. Мавқеи Сафаралӣ Валӣ ва наздиконаш ба ҳукм дастрас нест. Маълум нест, ки ӯ бо вакили мудофеъ таъмин будааст ё не.Сафаралӣ Валӣ ба он гунаҳкор шудааст, ки ҳамсараш Зуҳро Қурбонова, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шомаҳмад ва тифли батни ӯ ва як кӯдаки дигари хонадон Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расондааст. Ҳодиса ша...
- Title
- Пешниҳоди муҷозоту таҳрими мақомдорони тоҷики муттаҳам бо азияти зиндониён
- Runtime
- 4:52
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Кумитаи Ҳелсинки, як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, хостааст, ба зидди он мансабдорони тоҷик, ки дар шиканҷаи зиндониён даст доранд, таҳримҳои ҳадафманд, аз ҷумла Қонуни Магнитский ҷорӣ шавад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/peshnihodi-mujozotu-tahrimi-maqomdoroni-tojiki-muttaham-bo-aziyati-zindoniyon/33793960.html
- Title
- Баъди танаффуси чорсола машваратҳои солонаи ИМА ва Тоҷикистон эҳё шуданд
- Runtime
- 3:04
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Баъди танаффуси чорсола машваратҳои солонаи ИМА ва Тоҷикистон эҳё шуданд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ba-di-tanaffusi-chorsola-mashvarathoi-solonai-ima-va-tojikiston-ehyo-shudand/33793342.html
- Title
- Алишер Мирзонаботро дар Рӯшон дафн кардаанд
- Runtime
- 2:20
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Алишер Мирзонаботро дар Рӯшон дафн кардаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/alisher-mirzonabotro-dar-rushon-dafn-kardaand/33793345.html
- Title
- Даргузашти ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов
- Runtime
- 2:11
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Даргузашти ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимов.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/darguzashti-hunarmandi-shinokhta-bakhtiyor-rahimov/33793963.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (01.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:02
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон дар Вашингтон.
Пешниҳоди муҷозот ва таҳрими мансабдорони тоҷик, ки дар азияти маҳбусон саҳм доранд.
Маросими видоъ бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот.
Сабаби марги ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов аз нақли рафиқонаш.
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 1-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии ИМА ва Тоҷикистон дар Вашингтон. Пешниҳоди муҷозот ва таҳрими мансабдорони тоҷик, ки дар азияти маҳбусон саҳм доранд. Маросими видоъ бо раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот. Сабаби марги ҳунарманд Бахтиёр Раҳимов аз нақли рафиқонаш.
- Title
- Бонки Ҷаҳонӣ барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» боз 300 миллион доллар медиҳад
- Runtime
- 1:29
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» боз 300 миллион доллар медиҳад.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, қарори Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ин бора рӯзи 30 июн тасдиқ шудааст. Сомонаи Бонки ҷаҳонӣ низ дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ки ин маблағ барои идомаи корҳои сохтмонӣ, харид ва насби таҷҳизоти электромеханикӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ, инчунин татбиқи чораҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯчонидан ва барқарор кардани манбаъҳои даромади хонавода...
- Title
- Ба шумо аз Русия пул мефиристанд?
- Runtime
- 1:37
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Русия на камтар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва аз ноноварони аслии хонаводаҳояшон дар кишвар ҳастанд. Ҳамкори мо, Шаҳлои Абдулло, дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё фарзанд, ё бародаронашон ба онҳо кумаке мекунанд, пул мефиристанд?
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ba-shumo-az-rusiya-pul-mefiristand/33786294.html
- Title
- Тафсилоти марги Бахтиёр Раҳимов
- Runtime
- 1:41
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Бахтиёр Раҳимов, ҳунарманди шинохта, ки бо номи “Ғарибшо” маъруф аст, шаби гузашта пас аз як барномаи ҳунарие дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”-и шаҳри Ҳисор даргузашт. Дар ин бора Наврӯз Шарипов, продюсери ин ҳунарманд хабар дод.
Наврӯз Шарипов рӯзи 1 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр Раҳимов баъд аз ду соати баромад, навбатро ба ҳунарманди дигар дода, худ барои истироҳат ба утоқ рафт, вале онҷо фишораш паст шуда, аҳволаш бад шуд.
Табибон ҳам ба гуфтаи ӯ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, кӯмаки аввалияро расонданд, вале натавонистаанд ӯро ...
- Title
- "Туркистон" ба ҷойи Осиёи Марказӣ дар китобҳои дарсии Туркия. Ҳадаф чист?
- Runtime
- 4:19
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/turkiston-ba-joyi-osiyoi-markazi-dar-kitobhoi-darsii-turkiya-hadaf-chist/33792029.html
- Title
- Ҳамлаҳои дронҳои Русия ба ҳадафҳои мулкӣ дар Украина афзоиш ёфтаанд
- Runtime
- 2:25
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҳамлаҳои бесарнишинҳои Русия ҳаёти мардуми осоиштаи канори Запорожеи Украинаро пур аз хатар кардаанд, вале мардум мегӯянд, зиндагӣ идома дорад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/hamlahoi-dronhoi-rusiya-ba-hadafhoi-mulki-dar-ukraina-afzoish-yoftaand/33791990.html
- Title
- Ҷасади Алишер Мирзонаботро аз дарёи Панҷ ёфтаанд
- Runtime
- 1:46
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди тақрибан ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ ёфтанд. Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 30 июн гуфт, ҷасадро дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз об бароварданд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/jasadi-alisher-mirzonabotro-yoftaand/33791993.html
- Title
- Зиндонӣ шудани ду сарбози Нерӯҳои сарҳадӣ барои латукӯби ҳамхизматашон
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд ду сарбози Нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи латукӯб ва паст задани шаъну эътибори як ҳамхидматашон ба 2-солии зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм 11-уми июн содир шудааст.
Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 30-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сарбозон як ҳамхидматашонро паст зада, боис шудаанд, ки ӯ худашро бо корд захмӣ кунад. Ҳодиса моҳи апрели имсол дар яке аз қисмҳои ҳарбии Нерӯҳои сарҳадӣ дар шаҳри Исфара рух додааст.
Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ин ду сарбоз ба вайрон кардани оинномаи хидм...
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (30.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷасади раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар қаламрави ноҳияи Ш. Шоҳин ёфт шуд.
Дронҳои Русия ба аҳолии мулкии Украина ҳамла мекунанд.
Туркия Осиёи марказиро Туркистон меномад.
Дастбанди тиббӣ барои мардуми ниёзманд.
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 30-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷасади раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар қаламрави ноҳияи Ш. Шоҳин ёфт шуд. Дронҳои Русия ба аҳолии мулкии Украина ҳамла мекунанд. Туркия Осиёи марказиро Туркистон меномад. Дастбанди тиббӣ барои мардуми ниёзманд.
- Title
- Сокини Ваҳдат барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ зиндонӣ шуд
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Додгоҳи Ваҳдат як сокини 22-солаи ин шаҳрро барои захмӣ кардани муҳоҷири афғонистонӣ панҷ сол зиндонӣ кардааст. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух дода, додгоҳ 23-юми июн ҷузъиёти ҳукмро ошкор намуд.
Ба гузориши додгоҳ, ин ҷавон “бо сабаби дуруст салом накардан”, ба шиками муҳоҷири афғонистонӣ як корд задааст. Шаҳрванди Афғонистонро “бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар шифохонаи марказии шаҳр бистарӣ” кардаанд.
Мавқеи ҷавон ва наздикону вакили мудофеаш ба мо маълум нест.
Дар хабари расмӣ омадааст, гуё ҷавон дар додгоҳ аз кардаа...
- Title
- Фаластиён футболро дар вайронаҳо тамошо мекунанд
- Runtime
- 3:10
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Фадӣ ал-Аровӣ дар миёни вайронаҳои шаҳри Хон Юнус дар Ғазза бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро тамошо мекунад. Компютери хурди ӯ гоҳе рӯшан мешавад, гоҳе хомӯш. Ӯро дар утоқи як мактабе ҷойгир кардаанд, ки барои беҷошудагон аз амалиёти низомии Исроил ҷудо шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/falastiyon-futbolro-dar-vayronaho-tamosho-mekunand/33787088.html
- Title
- Ҷасади Алишер Мирзонаботро пайдо кардаанд
- Runtime
- 1:16
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро баъди ду ҳафта ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо кардаанд. Ин хабарро субҳи 30-юми июн Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Фейсбук нашр кард.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумита, ҷасад дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда ба сохторҳои дахлдор супориданд."
- Title
- Ширкати "Apple" замимаҳои русии "В контакте" ва "Одноклассники"-ро "ихроҷ" кард.
- Runtime
- 1:27
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ширкати "Apple" замимаҳои русии "В контакте" ва "Одноклассники"-ро "ихроҷ" кард.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/shirkati-apple-zamimahoi-rusii-v-kontakte-va-odnoklassniki-ro-ikhroj-kard/33791225.html
- Title
- Чаро шумораи кӯдакони дархудмонда афзоиш меёбад?
- Runtime
- 3:44
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ба ҳисоби миёна, 1 дарсади сокинони сайёра гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ мебошад ва Тоҷикистон ҳам истисно нест.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/charo-shumorai-kudakoni-darkhudmonda-afzoish-meyobad/33791215.html
- Title
- Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишери Мирзонабот ва ҳамсару духтараш идома дорад
- Runtime
- 2:19
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҷустуҷӯйи ҷасади Алишери Мирзонабот ва ҳамсару духтараш идома дорад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/justujuyi-jasadi-alisheri-mirzonabot-va-hamsaru-dukhtarash-idoma-dorad/33791235.html
- Title
- Музокироти сулҳи ИМА ва Эрон дар Қатар идома мекунанд
- Runtime
- 2:04
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Як рӯз баъди раддубадалҳои миёни нирӯҳои ИМА ва Эрон, ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки ҳамлаҳоро хотима дода, гуфтугӯҳоро идома диҳанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/muzokiroti-sulhi-ima-va-eron-dar-qatar-idoma-mekunand/33791229.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (29.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 14:57
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- То ҳол ҷасадҳои Алишер Мирзонабот ва аъзои оилааш ёфт нашудаанд.
Музокироти сулҳи ИМА ва Эрон дар Қатар идома меёбанд.
Замимаи русии "В контакте" аз Айфон ихроҷ шуд.
Сарнавишти кӯдакони дархудмонда дар Тоҷикистон.
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 29-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- То ҳол ҷасадҳои Алишер Мирзонабот ва аъзои оилааш ёфт нашудаанд. Музокироти сулҳи ИМА ва Эрон дар Қатар идома меёбанд. Замимаи русии "В контакте" аз Айфон ихроҷ шуд. Сарнавишти кӯдакони дархудмонда дар Тоҷикистон.
- Title
- ВКД 10 000 сомонӣ ҷуброн медиҳад
- Runtime
- 1:15
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро амр додааст, ки ба як қурбонии шиканҷа 10 ҳазор сомонӣ ё қариб 1100 доллар ҷуброн пардозад. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 18-уми июн содир шуда, мақомот онро шарҳ надодаанд.
Вакили дифои ҷабрдида Неъматҷон Ашӯрматов гуфтааст, аз ҳукм розӣ нестанд ва ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Ашӯрматов моҳи марти соли ҷорӣ бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд.
Ӯ моҳи феврали солди 2024 бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз сӯ...
- Title
- Наздикони Иззат Амон гуфтанд, "ӯро афв накарданд"
- Runtime
- 1:11
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Қонуни нави афв нисбат ба Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, татбиқ нашудааст.
Иззат Амон, раиси пешини Маркази тоҷикон дар Маскав, панҷ сол боз дар зиндон аст. Ӯро моҳи марти соли 2021 ва баъди ронда шудан аз Русия, дар Тоҷикистон боздошт ва дар доираи ду парвандаи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум карданд. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос медонанд.
Яке аз хешовандони Иззат Амон рӯзи 29-уми июн бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски ӯ бар асоси қисми 4-и моддаи 247 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) зиндонӣ шуд...
- Title
- Киҳоро афв мекунанд, киро не?
- Runtime
- 9:08
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Пас аз қабули қонуни афв, ки 16-уми июн пазируфта шуд, саволи асосӣ ин аст, ки чӣ касоне афв хоҳанд шуд? Оё ҳастанд маҳкумшудагоне, ки умуман афв нашаванд ва ҳеч соле ҳам аз ҳукмашон кам нагардад? Посухи ин суолҳоро аз вакили дифоъ, узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев пурсидем.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33791068.html
- Title
- Коргарони чинӣ ба Дарвоз баргаштаанд
- Runtime
- 1:21
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Мутахассисони чинӣ ба маҳалли сохтмони роҳи Душанбе-Чин дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз баргаштаанд ва зери муҳофизати неруҳои вижаи Тоҷикистон ба кор сар кардаанд. Коргарони чинӣ аввали моҳи декабри соли гузашта пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона аз хоки Афғонистон, маҳали кори худро тарк карда буданд.
- Title
- Аҳволи мардуми Ғазза дар тобистони сӯзон ва тоқатфарсо
- Runtime
- 1:56
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Сокинони беҷошудаи Ғазза дар гармои тоқатфарсои тобистон талош мекунанд аз хаймаҳои мисли танӯр дар оби баҳр нафаси роҳате бикашанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ahvoli-mardumi-ghazza-dar-tobistoni-suzon-va-toqatfarso/33789488.html
- Title
- Даромади бонки эронӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
- Runtime
- 1:45
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Даромади бонки эронӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/daromadi-bonki-eroni-dar-tojikiston-kohish-yoftaast/33788756.html
- Title
- Дронҳои Украина нерӯҳои Русияро ба танг овардаанд
- Runtime
- 3:33
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Низомиёни Украина мегӯянд, ки рӯзи 23-юми июн ба иншооти нафтӣ дар наздикии пули Қрим ва чанд нуқтаи дигари ин нимҷазираи ишғолшуда, зарба задаанд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки паҳподҳои украиниро маҳв карданд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои таркишҳои сахтро дидан мумкин аст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dronhoi-ukraina-neruhoi-rusiyaro-ba-tang-ovardaand/33787834.html
- Title
- Чаро дар Маскав муштариён сари вақт хона намегиранду бинокорон маош?
- Runtime
- 3:05
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Чаро дар Маскав муштариён сари вақт хона намегиранду бинокорон маош? Таҳқиқоти хабаргузории Рейтерс.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/charo-dar-maskav-mushtariyon-sari-vaqt-khona-namegirandu-binokoron-maosh/33788746.html
- Title
- Дар Имороти муттаҳидаи Араб робот намозхон шудааст
- Runtime
- 2:09
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Имороти муттаҳидаи Араб робот ҳам намозхон шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-imoroti-muttahidai-arab-robot-ham-namozkhon-shudaast/33788727.html
- Title
- Дар Тоҷикистон маводи сӯхт қимат шуд. Чаро?
- Runtime
- 3:12
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Нархи солярка дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафтааст. Дар вилояти Суғд, ки сӯзишворӣ нисбат ба дигар минтақаҳо арзонтар буд, ин вазъ сокинону ронандагонро нигарон кардааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-tojikiston-qimati-solyarka-bolo-raftaast-charo/33789486.html
- Title
- Рӯзи ваҳдатро таҷлил мекунанд, тарафҳо чӣ мегӯянд?
- Runtime
- 3:23
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 29 сол пеш раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери санаде имзо гузашта, ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима доданд. Рӯзи 27-уми июнро ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ruzi-vahdatro-tajlil-mekunand-tarafho-chi-meguyand/33789487.html
- Title
- "Чор соат зери вайрона будам, базӯр наҷот доданд"
- Runtime
- 2:09
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Маъмурони наҷот дар Венесуэла садҳо шахси бенишоншударо дар зери вайронаҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Рӯзи 25-уми июн замин дар атрофи Каракас, пойтахти Венесуэла, ларзид ва маконҳои зиёдеро хароб кард.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/chor-soat-zeri-vayrona-budam-bazur-najot-dodand/33789485.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 26-уми июни соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (26.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар Тоҷикистон қимати солярка боло рафтааст. Чаро?
Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд, дар тарафи дигар чӣ?
Заминларза садҳо нафарро дар Венесуэла кушт
Аҳволи мардуми Ғазза дар тобистони сӯзон ва тоқатфарсо
- Title
- Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико
- Runtime
- 1:13
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Хадамоти марзбонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардааст.
Ин ниҳод 25-уми июн дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ин зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад, 10-уми июн зимни амалиёте дар минтақаи Фолбруки аёлати Калифорния дастгир шуд.
Дар хабари расмӣ омадааст, ин ҷавон соли 2022 тариқи барномаи CBP One аз Мексика вориди #Амрико шуда, аммо ҳуҷҷатҳои қонунии будубошро надошт.
Идораи марзбонии #ИМА гуфтааст, ин зодаи #Тоҷикистон ба додгоҳи муҳоҷират ҳозир нашуд ...
- Title
- Кувайт ба Тоҷикистон 19 миллион доллар қарз медиҳад
- Runtime
- 0:52
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Тоҷикистон барои бунёди даҳ мактаби нав, аз Бунёди Кувайт барои рушд 19,2 миллион доллар вом ё қарз мегирад.
Ба гузориши Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, "муддати қарзи мазкур 26 сол буда, 5 соли он давраи имтиёзнок ё давраи танаффус мебошад".
Қарз бо баҳраи 1 дарсади солона дода мешавад.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст бо ин маблағ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даҳ мактаби нав сохта шавад.
Камбуди мактаб аз мушкилиҳои асосии низоми маорифи Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди ҳамас...
- Title
- Ҳабси се мансабдори собиқи Исфара
- Runtime
- 2:39
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми гурӯҳе аз мансабдорони собиқи шаҳри Исфараро содир кардааст. Ин мансабдорон ба сохтакорӣ, ғайриқонунӣ додани замин ва ришваситонӣ муттаҳам шуда, аз панҷуним то 14 сол маҳкум ба зиндон шудаанд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/habsi-se-mansabdori-sobiqi-isfara/33789313.html
- Title
- Ҳамлаҳои дронҳои Украина Русияро нафасгир мекунанд
- Runtime
- 3:35
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Ҳамлаҳои дронҳои Украина Русияро нафасгир мекунанд.
- Title
- Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд
- Runtime
- 0:59
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- 🔶Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.
🔶Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми июн ӯро ба куштани Саломатшо Ғалчаеви 34-сола аз ноҳияи Ванҷ гунаҳкор донистааст.
🔶Мавқеи Ивазмад Қодиров ё наздикону вакили мудофеаш ба ҳукм рӯшан нест.
🔶Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зидди ҳукми додгоҳ шикоят намебаранд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, "ду шоҳиде, ки ҳангоми ҳодиса афсари милисаро ҳамроҳӣ мекарданд, ба мурофиа оварда нашуданд." Вай аз касе ном ...
- Title
- Дар вилояти Хатлон маҷрои Панҷро мегиранд, то харобкорӣ накунад
- Runtime
- 1:42
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар вилояти Хатлон роҳи дарёи Панҷро мегиранд, то харобкорӣ накунад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-viloyati-khatlon-rohi-daryoi-panjro-megirand-to-kharobkori-nakunad/33788721.html
- Title
- Ҷасади яке аз ҳамроҳони Мирзонаботов ёфт шудааст
- Runtime
- 1:11
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар макони садамаи мошини Раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷасади марде ёфт шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-makoni-sadamai-moshini-raisi-viloyati-mukhtori-kuhistoni-badakhshon-jasadi-marde-yoft-shudaast/33788737.html
- Title
- Трамп: Эрон гузаштҳои бузург мекунад
- Runtime
- 0:55
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Трамп мегӯяд, Эрон ба гузаштҳои бузург мувофиқат кардааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tramp-meguyad-eron-ba-guzashthoi-buzurg-muvofiqat-kardaast/33788751.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (25.06.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:04
- Date posted
- 3 months ago
- Description
- Дар макони садамаи мошини раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷасади марде ёфт шудааст, Трамп мегӯяд, Эрон ба гузаштҳои бузург мувофиқат намуд, мушкили бинокорон дар Русия ва роботи намозхон дар Имороти муттаҳидаи Араб.

