Ozodivideo
Даргузашти нахустин раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ
- Title
- Даргузашти нахустин раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ
- Runtime
- 3:44
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Нахустин раҳбари бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Маркиэл Даниэл, ки дар байни шунавандагон бо номи Музаффар Орифӣ маъруф мебошад, 20 июли соли 2026 дар шаҳри Ню-йорк даргузашт
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/darguzashti-nakhustin-rahbari-bakhshi-tojikii-radioi-ozodi/33813877.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 27-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ҷустуҷӯйи ҷасадҳои марзбонони ғарқшуда дар марз бо Афғонистон идома дорад. Шикояти сокинон аз ширкати сохтмонӣ дар кӯчаи Айнии Душанбе. Марҳилаи нави ихроҷи паноҳандагони бесанад дар Покистон. Даргузашти аввалин мудири бахши тоҷикии Радио Озодӣ.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (27.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ҷустуҷӯйи ҷасадҳои марзбонони ғарқшуда дар марз бо Афғонистон идома дорад.
Шикояти сокинон аз ширкати сохтмонӣ дар кӯчаи Айнии Душанбе.
Марҳилаи нави ихроҷи паноҳандагони бесанад дар Покистон.
Даргузашти аввалин мудири бахши тоҷикии Радио Озодӣ.
- Title
- Қатъи муваққати ҳамлаҳо ба Эрон. Трамп камбуди силоҳро рад кард
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гузоришҳоро дар бораи кам шудани захираҳои силоҳу муҳиммоти ин кишвар рад кард. Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи “Волл стрит ҷурнал” гуфт, Иёлоти Муттаҳида нисбат ба ҳар кишвари дигар "ба маротиб бештар" муҳиммот дорад.
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз пештар бо такя ба манбаъҳои худ дар Кохи Сафед навишт, дар пайи нигаронии низомиён аз кам шудани захираҳои мушакӣ барои низоми дифои ҳавоӣ, Доналд Трамп аз сахттар кардани даргирӣ бо Эрон даст кашидааст.
Ба навиштаи “Волл стрит ҷорнал” амалиёти нави артиши Амрико, ки қ...
- Title
- 21 шикоят аз шиканҷа дар Тоҷикистон
- Runtime
- 1:12
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, соли 2025 аз сокинон 21 шикоят аз эҳтимоли аз шиканҷа ва бадрафторӣ дарёфт кардааст. Бист шикоят аз шиканҷа дар ниҳодҳои вобастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва як шикоят аз зӯроварии раиси ноҳияе дар Тоҷикистон. Аммо номи шиканҷагарон, аз ҷумла раиси ноҳия гуфта нашудааст.
Ба гузориши Эътилоф, боздоштшудаҳо асосан аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона, латукӯб ва шиканҷа бо нерӯи барқ ва дигар намудҳои шиканҷа шикоят кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон маъмулан ба ин гуна гузоришҳо вокуниш намекуна...
- Title
- Даргириҳо дар Зебоки Бадахшон
- Runtime
- 1:43
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Тибқи гузоришҳо, тайи ду рӯзи ахир дар чанд ноҳия ё вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва ҷангиёни мухолифи онҳо даргириҳо сурат гирифтааст. Бар пояи хабарҳо, чунин задухӯрдҳо аз ҷумла, дар ноҳияҳои Зебок, Дароим ва Хоҳон рух дода, талафоти ҷонӣ дар пай доштааст.
"Ҷабҳаи озодии Афғонистон", яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Толибон мегӯяд, ки нерӯҳои ин ҷабҳа субҳи 24 июл ҳамлаҳоеро ба пойгоҳҳои низомии Толибон дар вулусволии Зебоки вилояти Бадахшон, оғоз кардааст.
Ин ноҳияи стратегӣ дар ҳамс...
- Title
- Боздошти 191 тоҷикистонӣ бо гумони қочоқи маводи нашъаовар
- Runtime
- 0:58
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар шаш моҳи аввали имсол 191 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд. Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, ҳашт нафар аз онҳо зан ҳастанд. Ба гузориши ин ниҳод, бештари ин афрод ё 156 нафар дар Русия дастгир шудаанд. Ҳамчунин 12 шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбекистон, 19 кас дар Қазоқистон ва шаш тани дигар дар Қирғизистон ва Белорус боздошт кардаанд. Манбаъ мегӯянд, ин тоҷикистониҳо ба қочоқи 35 килограм маводи мухаддир гумонзад ҳастанд.Тибқи омори расмӣ, боздошти шаҳрвандони Тоҷи...
- Title
- Нусхабардории анъанавии Қуръон дар Яман
- Runtime
- 2:17
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар Яман, ки солҳо боз дар панҷаи ҷанги вайронгаре аст, теъдоде аз ҳунармандоне мондаанд, ки ҳанӯз ҳам нусхаҳои дастнависи Қуръонро омода мекунанду мефурӯшанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-yaman-nuskhabardorii-an-anavii-qur-on-idoma-dorad/33809839.html
- Title
- Вазир: Касе пулҳои "Роғун"-ро дуздида наметавонад. Рост аст?
- Runtime
- 3:37
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ҳукумати Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол барои идомаи сохтмони “Роғун” 432 миллион доллар ҷудо кардааст. Вазорати молия мегӯяд, то охири сол аз буҷа барои “Роғун” боз 3 миллиард сомонии дигар медиҳанд. Аммо дар ин миён истифодаи маблағҳо дар "Роғун" суолбарангез шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/vazir-kase-pulhoi-roghun-ro-duzdida-nametavonad/33812007.html
- Title
- Ҳамлаи дигар ба анбори Wildberries дар Русия
- Runtime
- 2:38
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Украина анбори ширкати тиҷорати онлайнии Wildberries дар вилояти Ленингради Русия оташ гирифтааст. Волии вилояти, Александр Дрозденко, 24-уми июл хабар дод, ки бар асари ҳамлаи паҳподҳо се нафар маҷруҳ шуд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/hamlai-digar-ba-anbori-wildberries-dar-rusiya/33812009.html
- Title
- Кумитаи андоз исми калонтарин қарздоронро аз андоз эълон кард
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Кумитаи андози Тоҷикистон исми корхонаву ширкатҳоеро, ки аз ҳама бештар аз андоз ё молиёт қарздоранд, эълон кард. Ба иттилои ин ниҳод, бузургтарин қарздорони андоз “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” 243 миллион сомонӣ, «Талко голд» 35 миллион сомонӣ, «Кони ангишти зиддӣ» беш аз 22 миллион сомонӣ аз андоз қарздор будаанд.
Дар қатори инҳо, бар асоси маълумоти Кумитаи андоз, ширкатҳои дигаре аз қабили «Тоҷагропромэкспорт» , кони «Фон- Яғноб» «Индиго Тоҷикистон”, ширкати алюминии “ТАЛКО” низ қарзашон аз андоз 10 то 15 миллион сомониро таш...
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 24-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:55
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (24.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Мавзӯъҳои барномаи имрӯз
Ҳамлаҳои Украина ба Вайлдберрис ва марги як ҷавони тоҷик
Мақомот мегӯянд, касе пулҳои Роғунро дуздида наметавонад
Асадулло Бобоев, мухолифи ихроҷшуда аз Олмон дар куҷост?
Ҷанг лонаҳои паррандагону зиндагиашонро ҳам дигар кардааст
- Title
- Лаҳистону Маҷористон, мумкин аст, муҳоҷирони хориҷиро камтар кунанд
- Runtime
- 3:37
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ҳукумати Лаҳистон ё Полша, ки дар онҷо муҳоҷирони кории тоҷик ҳам зиёд кор мекунанд, азм дорад, даъвати нерӯи корӣ аз хориҷаро камтар кунад. Сабаб, ба гуфтаи мақомот, мардуми ин кишвар аст, ки мойил нестанд, хориҷиёни зиёд омада дар ватанашон кор кунанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/lahistonu-majoriston-mumkin-ast-muhojironi-khorijiro-kamtar-kunand/33810635.html
- Title
- "Маоши паст сабаби дастзадан ба коррупсия намешавад"
- Runtime
- 1:00
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар ҳоле ки маоши кам яке аз сабабҳои афзоиши фасод дар идораҳои давлатии Тоҷикистон номбар мешавад, мақомот назари дигар доранд.
Муовини якуми раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфт, дар солҳои охир маошу нафақа чанд бор афзудааст ва барои рӯзгор кофист, аммо бояд мафкураи одамонро дар бораи харҷи пул дигар кард.
Барот Расулӣ рӯзи 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, “вақте мафкураи мардум дигар шуд, маош ҳам мерасад.”
Дар ҳоли ҳозир маоши миёна дар Тоҷикистон тақрибан се ҳазору дусад сомонӣ ё каме бештар аз сесад доллари амрикоист...
- Title
- Баҳси таъмири ёдгориҳои таърихӣ дар Тоҷикистон
- Runtime
- 2:39
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар рафти як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе суол дар бораи тармими ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон баҳсеро барангехт. Яке аз хабарнигорон пурсид, ки чаро мақомот ёдгориҳои қадимаи нимавайронаро таъмир намекунанд, то сайёҳон бубинанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/bahsi-tamiri-yodgorihoi-ta-rikhi-dar-tojikiston/33810632.html
- Title
- Шарҳи вазир дар бораи аҳволи ду сиёсатмадори зиндонӣ
- Runtime
- 2:49
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Вазири адлияи Тоҷикистон шикоятҳоро дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷаи чанде аз сиёсатмадорони зиндонӣ шарҳ дод, ки аз забони хешовандонашон садо додааст.
- Title
- Боздошти як додситони баландпояи собиқ
- Runtime
- 2:17
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи зердасташ Фирӯз Саидзода парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин духтари ҷавон моҳи апрели имсол дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расида буд.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (23.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Вазири адлия иддаоҳо дар бораи аҳволи бади сиёсатмадорони зиндониро шарҳ дод
Додситони баландпояи собиқро барои марги Меҳронаи ҷавонмарг дастгир кардаанд
Лаҳистону Маҷористон мегӯянд, мумкин аст, муҳоҷирони хориҷиро камтар кунанд
Таъмири ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар як нишаст баҳсбарангез шуд
- Title
- Сел дар Рӯшон ба манзили 198 кас зарар расондааст
- Runtime
- 1:23
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, сели рӯзи 20-уми июл дар ноҳияи Рӯшон ба 40 хона зарар расондааст. Дар ин хонаҳо ба гуфтаи мақомот 198 нафар зиндагӣ мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, хонаи 67 кас пурра ва манзили 131 нафари дигар қисман зарар диданд.
Дар иттилоияи Кумита омадааст, дар ин офати табиӣ асосан сокинони деҳаи Баррӯшон ва Деҳрӯшон осеб диданд.
Мақомот мегӯянд, як комиссия зарари пурраи селро муайян мекунанд. Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, наҷотдиҳандагон ба бартараф кардани оқибатҳои офати таби...
- Title
- Бонки миллӣ мушкилоти Душанбе ситиро шарҳ дод
- Runtime
- 2:53
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон шикоятҳои зиёд аз кори Душанбе сити бонк, яке аз муассисаҳои молии сермуштариро шарҳ доданд. Чандин моҳ аст шикоятҳое шунида мешавад, ки ин бонк дуруст хидмат намерасонад ва ё муштариҳо пулҳояшонро гум кардаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/bonki-milli-mushkiloti-dushanbe-sitiro-sharh-dod/33809912.html
- Title
- Чин дигар қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон нест?
- Runtime
- 1:44
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Вазири молия гуфт, қарзи Тоҷикистон дар назди “Эксимбонк”-и Чин камтар шуда, ҳоло танҳо 23 дарсади қарзи хориҷии Душанбе аз Пекин будааст. Пештар қарзи зиёди Тоҷикистон аз Чин нигарониҳоеро ба миён оварда буд. Файзиддин Қаҳҳорзода 22-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз “Эксимбонк” ҳамагӣ 686 миллион доллар қарздор аст. Ба гуфтаи ӯ, музокирот барои гирифтани қарзи нав аз “Эксимбонк” дар ҷараён нест, вале Тоҷикистон ҳамкории наздикро бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ оғоз кардааст. Ин бонк ҳам чинӣ аст. Мо...
- Title
- Дар гузаргоҳи марзии Қадамҷойи Қирғизистон даҳҳо нафар бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудаанд
- Runtime
- 3:16
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар гузаргоҳи марзии Қадамҷойи Қирғизистон даҳҳо нафар бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудаанд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-guzargohi-marzii-qadamjoyi-qirghiziston-dahho-nafar-bo-ittihomi-rishvasitoni-dastgir-shudaand/33809845.html
- Title
- Бозпурсии собиқ шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода
- Runtime
- 2:04
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар чорчӯби як идда парвандаҳои марбут бо кори мақомдорони ҳукумати Кӯлоб шаҳрдори собиқ Бахтиёр Назарзода бозпурсӣ шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/bozpursii-sobiq-shahrdori-kulob-bakhtiyor-nazarzoda/33809842.html
- Title
- Ҳамлаи нави Украина ба анборҳои ширкати азими Вайлдберис дар Русия
- Runtime
- 1:55
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Артиши Украина ҳамлаҳои паҳподӣ ба хоки Русия ва ба иншооти муҳими онро идома медиҳад, ки талоше барои маҷбур кардани Маскав ба музокирот барои поён додан ба ҷанг аст. Рӯзи 22-уми июл дар ҳамла ба анборҳои ширкати Вайлдберис дар шаҳрҳои Краснодар ва Невиноминск чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/hamlai-navi-ukraina-ba-anborhoi-shirkati-azimi-vayldberis-dar-rusiya/33809844.html
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (22.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:00
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Украина дигарбора ба анборҳои Вайлдбериси Русия зарба зад.
Раиси шаҳри Кӯлобро дар бораи фасоду ришвахорӣ пурсидаанд.
Дар Қирғизистон даҳҳо марзбону корманди гумрукро дастгир кардаанд.
Марко Рубио гуфт, талаби Эрон дар бораи Ҳурмуз хатарноку нодуруст аст.
Дар Яман Қуръонҳои дастнавис таҳия кардаву мефурушанд.
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:55
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Украина дигарбора ба анборҳои Вайлдбериси Русия зарба зад. Раиси шаҳри Кӯлобро дар бораи фасоду ришвахорӣ пурсидаанд. Дар Қирғизистон даҳҳо марзбону корманди гумрукро дастгир кардаанд. Марко Рубио гуфт, талаби Эрон дар бораи Ҳурмуз хатарноку нодуруст аст. Дар Яман Қуръонҳои дастнавис таҳия кардаву мефурушанд.
- Title
- Боздошти як додситон дар пайванд ба марги Меҳрона
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи зердасташ, Фирӯз Саидзода, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Радиои Озодӣ дар ин бора ҳанӯз моҳи май бо такя ба манобеаш хабар дода буд. Ин духтари ҷавон моҳи апрели имсол дар истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и ноҳияи Дарвоз дар шароити мармуз ба ҳалокат расид
- Title
- Тоҷикистон нисфи пули "евробондҳо"-ро баргардондааст
- Runtime
- 1:10
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Тоҷикистон 250 миллион доллар маблағи "евробондҳо"-ро баргардондааст ва кишвар ният дорад, ки боқимондаи маблағро то соли оянда бозпас диҳад. Ин омор 22-юми июл дар нишасти хабарии Вазорати молия садо дод.
Ба гуфтаи намояндагони вазорат, 100 миллион доллари дигар моҳи сентябр ва 150 миллиони боқимонда моҳи апрели соли оянда пардохт мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, кишвар дар масъалаи бозгардонии маблағи "евробондҳо" ягон мушкилӣ надорад.
Маълумоти алтернативӣ дар ин бора дастрас нест.
Бонк...
- Title
- Тоҷикистону Қирғизистон симхоркашии марзро тамом мекунанд
- Runtime
- 1:49
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз корҳои таҳкими марзи кишвар бо Қирғизистон аз ҳарду тараф ба анҷом расидааст, то дигар нофаҳмӣ ва ё ҷанҷоле байни мардуми деҳоти марзӣ сар назанад. Аз ҳарду тараф симхор мекашанд, то пеши роҳи убури ғайриқонунии мардум ва ё ғасб шудани заминро бигиранд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tojikistonu-qirghiziston-simkhorkashii-marzro-tamom-mekunand/33809042.html
- Title
- Даҳҳо нозири барқро барои фиреб ба ҷавобгарӣ кашидаанд
- Runtime
- 2:35
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар Тоҷикистон, ки мардум аз фиреби нозирони шабакаҳои тақсими барқ ва азхуд кардани пулҳояшон шикоят мекарданд, даҳҳо нозир барои ин кор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Коре, ки дар гузашта камтар рӯй медод ва мақомот баръакс мегуфтанд, ки ин мардум аст, ки шабакаҳои барқро фиреб мекунад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dahho-noziri-barqro-baroi-fireb-ba-javobgari-kashidaand/33809041.html
- Title
- Раиси фурудгоҳи Душанберо озод кардаанд
- Runtime
- 2:18
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори озодии Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо шарҳ дод. Ӯ ва панҷ зердасташ дар тасарруфи беш аз 1 миллиард сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд ва ахиран озод шуданд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/raisi-furudgohi-dushanbero-ozod-kardaand/33809043.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 21-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раиси фурудгоҳи Душанберо озод кардаанд
Даҳҳо нозири барқро барои фиреб ба ҷавобгарӣ кашидаанд
Тоҷикистону Қирғизистон симхоркашии марзро тамом мекунанд
Бонки миллӣ мушкилоти Душанбе ситиро шарҳ дод
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (21.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раиси фурудгоҳи Душанберо озод кардаанд
Даҳҳо нозири барқро барои фиреб ба ҷавобгарӣ кашидаанд
Тоҷикистону Қирғизистон симхоркашии марзро тамом мекунанд
Бонки миллӣ мушкилоти Душанбе ситиро шарҳ дод
- Title
- Вазир: гумонбар ба ҷосусӣ дар Исроил шаҳрванди Тоҷикистон нест
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, касе, ки дар Исроил бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон дастгир шуд, зодаи Тоҷикистон аст, аммо шаҳрванд нест. Рамазон Раҳимзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ иддао кард, ки ин нафар гуё аз шаҳрвандии Тоҷикистон берун шуда, шиносномаи Русияро гирифтааст. Ӯ дигар ҷузъиёт надод. Тасдиқи дурустии ҳарфҳои вазир аз манобеи мустақил феълан мушкил аст. Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Яъне, сокинон метавонанд ҳамзамон шиносномаи тоҷикӣ ва русӣ дошта бошанд. Мақомоти амниятии Исроил рӯзи 2-юм...
- Title
- Марги 287 кас дар садамаҳои нақлиётӣ
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Намояндагони ин ниҳод 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи фавтидагон 8 кас ва теъдоди захмиён 284 нафар бештар шудааст.
Ба гузориши ВКД, дар нимаи аввали имсол дар кишвар 531 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст.
Тоҷикистон дар як моҳи ахир шоҳиди чанд тасодуфи маргбор буд. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл дар як садама дар роҳи Фархор-Душанбе, ҳаф...
- Title
- Вазири адлия мегӯяд, тибқи қонуни афв 8 ҳазор кас озод шудаанд
- Runtime
- 0:55
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Бар асоси қонуни нави афв, то кунун 8 ҳазору 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шудаанд. Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ изҳори назар кард. Ашӯриён аз ин бештар ҷузъиёт надод ва танҳо гуфт, ин 8 ҳазор нафар онҳое буданд, ки ба зиндон маҳкум шудаанд. Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд. Аммо қонуни афв нисбат ба баъзе аз сиёсатмадор...
- Title
- Мақомот: “Мушкили таксиҳои Душанберо ҳал мекунем”
- Runtime
- 2:17
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баррасии масъалаи аз байн бурдани боҷи ҳатмии 100 сомонӣ аз ронандагони таксӣ дар Душанбе идома дорад. Дар пойтахти Тоҷикистон, ки ҳоло нақлиёти асосӣ барои аксарият таксӣ аст, як соли охир шикоят аз ронандагон зиёд ба гӯш мерасад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/maqomot-mushkili-taksihoi-dushanbero-hal-mekunem/33807470.html
- Title
- Амрикову Эрон ҳамлаҳо ба якдигарро идома доданд
- Runtime
- 1:59
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Нерӯҳои амрикоӣ рӯзи нуҳум аст, ки ҳамлаҳои ҳавоиро ба Эрон идома медиҳанд ва рӯзи душанбе артиши Ҷумҳурии Исломӣ ҳам дар посух ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/amrikovu-eron-hamlaho-ba-yakdigarro-idoma-dodand/33807471.html
- Title
- Гармии тоқатфарсо мардуми Тоҷикистонро ба танг овардааст
- Runtime
- 2:07
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар Тоҷикистон, ки гармии тоқатфарсо то ба марзи 45 дараҷа расидааст, мардум худро ба ҳар ҷои сардтар мезананд, то аз ҳавои доғ дуртар бошанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/garmii-toqatfarso-mardumi-tojikistonro-ba-tang-ovardaast/33807472.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 20-уми июли соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ахбори Озодӣ
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (20.07.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:00
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Мӯҳтавои барномаи имрӯз
Ду хабарнигори тоҷикро аз зиндон озод карданд
Исроил як шаҳрванди Тоҷикистонро ҷосус медонад
Мақомот: “Мушкили таксиҳои Душанберо ҳал мекунем”
Амрикову Эрон ҳамлаҳо ба якдигарро идома доданд
Гармии тоқатфарсо мардуми Тоҷикистонро ба танг овардааст
- Title
- Мақомот мегӯянд, теъдоди бекорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст
- Runtime
- 0:54
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Оҷонсии омори Тоҷикистон дар гузориши тозааш аз даҳ дарсад зиёд шудани шумори бекорон дар кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳазор кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад бештар аст.
Оҷонсӣ навиштааст, 27 ҳазор кас ё 47 дарсади бекорон дар кишвар занон ҳастанд.
Манбаъ афзуд шумори бекорон ҳамагӣ 2 дарсади шахсони қувваи кориро ташкил медиҳад.
Омори мақомоти Тоҷикистон дар бораи бекорӣ дар кишвар ҳамеша баҳсбарангез буда ва шубҳаву гумонҳоеро ба миё...
- Title
- Ҳалокати ду корманди бонки “Арванд” дар садама
- Runtime
- 1:13
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ду корманди бонки “Арванд” дар пайи сарозер шудани мошинашон ба канал ё наҳри Ҳисор ба ҳалокат расидаанд.
Ҳодиса баъд аз зуҳри 19-уми июл дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор рух додааст.
Ба иттилои расмӣ, Дилноза Бойматова, сокини шаҳри Турсузода ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Ҳисор, бо мошини тамғаи “BMW” ба дохили наҳр афтидааст.
Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса Бойматоваи 32-сола ва мусофираш Фахриддин Воҳидови 37-сола ҳалок шуданд.
Як манбаи огоҳ дар бонки “Арванд” ба Радиои Озодӣ гуфт,...
- Title
- Мақомот мегӯянд, муҳоҷират коҳиш ёфтааст
- Runtime
- 1:11
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали имсол муҳоҷират ба хориҷи кишвар 1,7 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аммо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз гуфтани шумораи умумии муҳоҷирон худдорӣ кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ 20-уми июл дар нишасти хабарӣ аз раиси Оҷонсии омор пурсид, ки чаро омори муҳоҷирон гуфта намешавад?
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба ин саволи посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат ва муҳоҷират пурсем. Нурмуҳаммадзода инро ҳам далел овард, ки ифшои ин маълумот метавонад аз сӯи баъзе расо...
- Title
- "Офати табиӣ, ки бештар шуд, гурӯҳҳои наҷот ҳам ба сармояи бештар ниёз доранд"
- Runtime
- 2:54
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- "Офати табиӣ, ки бештар шуд, гурӯҳҳои наҷот ҳам ба сармояи бештар ниёз доранд". Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2026 маблағи зарар аз офтаҳои табиӣ 169 дарсад бештар шудааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33805604.html
- Title
- Нахустин мусоҳибаи Завқибек Саидаминӣ пас аз озодӣ
- Runtime
- 6:07
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори 43-солаи тоҷик, ки бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шуд, рӯзи 18-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад. Ӯ дар бораи муносибати зиндонбонҳо, афви хабарнигорони дигар ва дидор бо фарзандон низ сухан гуфт.
- Title
- Завқибек Саидаминӣ аз зиндон озод шуд
- Runtime
- 1:19
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- 🔶Мақомот Саидаминиро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон гунаҳкор карданд, аммо худашу наздиконаш ҳеч вақт напазируфтанд.
🔶Додгоҳ соли 2022 ин хабарнигорро ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
#radioiozodi #радиоиозодӣ #радиоиозоди #Завқибек #рӯзноманигор #зиндон #озодӣ #маҳбас #афв #озодиибаён
- Title
- Мухолифини ҳукуматҳои Осиёи марказӣ дар чӣ ҳол қарор доранд?
- Runtime
- 4:25
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Мухолифини ҳукуматҳои Осиёи марказӣ дар чӣ ҳол қарор доранд? Посухи ин суолро Хиромон Бақозода медиҳад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33805788.html
- Title
- Раис аз афзоиши хушунати шаҳвонӣ дар оилаҳои тоҷикистонӣ нигарон будааст
- Runtime
- 2:59
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раиси Кумитаи кор бо занон аз афзоиши хушунати шаҳвонӣ дар оилаҳои тоҷикистонӣ нигарон будааст
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/rais-az-afzoishi-khushunati-shahvoni-dar-oilahoi-tojikistoni-nigaron-budaast/33804925.html

