Ozodivideo
Тасдиқи кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Нижнекамск
- Title
- Тасдиқи кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Нижнекамск
- Runtime
- 1:05
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки як шаҳрванди кишвар дар ҷараёни ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон кушта шудааст.
Як манбаъ, дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди кушташуда Рамазоналӣ Басиров, сокини 30-солаи вилояти Суғд буд.
Дар Вазорат гуфтанд, давоми рӯз маълумоти бештар дар бораи ин нафар пахш хоҳад шуд.
Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор дод...
- Title
- Қарздор ҳаст ё не? Посухҳои гуногуни мақомот дар бораи корхонаи чинӣ
- Runtime
- 3:46
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Дар ҳоле, ки Кумитаи андоз Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро бузургтарин қарздор аз молиёт эълон кард, ҳукумати шаҳри Гулистон мегӯяд, ин корхона ҳама уҳдадориашро иҷро кардааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/qarzdor-hast-yo-ne-posukhhoi-gunoguni-maqomot-dar-borai-korkhonai-chini/33825831.html
- Title
- Путин ихроҷи муҳоҷиронро осонтар кард
- Runtime
- 4:47
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Дар Русия имрӯз системаеро ба кор андохтанд, ки маҳрум кардани муҳоҷирони корӣ аз патент ва ҳаққи кор дар ин кишварро осон мекунад. Расонаҳои давлатии Русия хабар доданд, ки агар муҳоҷири корӣ пешпардохти ҳатмиро барои патент сари вақт насупорад, система худ ба худ патенти ӯро беэътибор мекунад.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/putin-ikhroji-muhojironro-oson-kard/33825914.html
- Title
- Трамп ҳамла ба Эронро ба таъхир гузошт, вале фишори иқтисодиро идома медиҳад
- Runtime
- 2:14
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Трамп ҳамла ба Эронро ба таъхир гузошт, вале фишори иқтисодиро идома медиҳад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/tramp-hamla-ba-eronro-ba-ta-khir-guzosht-vale-fishori-iqtisodiro-idoma-medihad/33825834.html
- Title
- 13 кушта ва даҳҳо захмӣ дар Нижнекамск. Тоҷикон ҳам ҳастанд
- Runtime
- 0:43
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- 13 кушта ва даҳҳо захмӣ дар Нижнекамск. Тоҷикон ҳам ҳастанд
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33825909.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 10-уми августи соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:55
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Бо имзои Путин муҷозоти муҳоҷирон бештар ва ихроҷи онҳо аз Русия осонтар шуд. Трамп мегӯяд, фишори иқтисодӣ ба Эрон натиҷаи дилхоҳ хоҳад овард. Баҳси қарзи муассисаи муштараки Тоҷикистону Чин дар шаҳри Гулистон.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (10.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Бо имзои Путин муҷозоти муҳоҷирон бештар ва ихроҷи онҳо аз Русия осонтар шуд.
Трамп мегӯяд, фишори иқтисодӣ ба Эрон натиҷаи дилхоҳ хоҳад овард.
Баҳси қарзи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар шаҳри Гулистон.
- Title
- Сахттар шудани тафтиши "курйер"-ҳо дар Маскав
- Runtime
- 1:04
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Боррасон ё "курйер"-ҳо аз Осиёи Марказӣ шикоят доранд, ки пас аз таркиш дар тарабхонае дар Маскав, пулиси Русия тафтишро сахттар ва кори онҳоро душвортар кардааст.
Рӯзи 1-уми август дар тарабхонаи Balzi Rossi таркиш рух дод. Дар ин ҳодиса панҷ кас ҷон бохта ва 21 тани дигар захмӣ шуданд. Пулиси Русия мегӯяд, маводи таркандаро як зани боррасон ба тарабхона оварда буд.
Чанд боррасон ба бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ин ҳодиса пулис мошин ё дучархаи онҳоро манъ карда, ҳуҷҷат ва борашонро тафтиш мекунад.
Мақомоти Русия дар бораи...
- Title
- Сахттар шудани тафтиши "курйер"-ҳо дар Маскав
- Runtime
- 2:47
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Шарҳи мақомот дар бораи афтидани мошин ба дарёи Варзоб
Ширкати чиниро барои коркарди партовҳо ба Тоҷикистон меоранд
Озодӣ дар Твиттер: https://twitter.com/RadioiOzodi
Озодӣ дар Фейсбук: https://www.facebook.com/radio.ozodi
Озодӣ дар Инстаграм: https://www.instagram.com/radioiozodi/
- Title
- Ҷанг лонаи парандагону зиндагиашонро ҳам дигар кардааст
- Runtime
- 1:40
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Ҷанги беш аз чорсолаи Русия алайҳи Украина зиндагии ҷонварону парандагонро низ дигар кардааст. Муҳаққиқони украинӣ мегӯянд, лонаҳои парандагонро ёфтанд, ки бо хати нахи нурӣ сохта шудаанд. Хатҳои нахи нуриро дар ҷанг ҳангоми ҳамла бо дрон ё паҳподҳо истифода мекунанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/jang-lonai-parrandagonu-zindagiashonro-ham-digar-kardaast/33812008.html
- Title
- Шарҳи мақомот дар бораи афтидани мошин ба дарёи Варзоб
- Runtime
- 0:56
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ба дарёи Варзоб сарозер шудани нақлиёт, як нафар ғарқ шуда, ду каси дигар наҷот ёфтанд. Ҳодиса субҳи барвақти 10-уми август дар ҳудуди ҷамоати Варзобқалъа рух додааст.
Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, Шероз Бобоев, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе, “аз канори роҳ берун баромада ба дарёи Варзоб сарозер шудааст”.
Дар дохили мошин ба ғайр аз ронанда ду мусофири дигар будааст.
Сухангӯи Кумита афзуд, ронанда ва як мусофири 1...
- Title
- Ширкати чиниро барои коркарди партовҳо ба Тоҷикистон меоранд
- Runtime
- 1:02
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳалли мушкили партовҳои маишӣ бо як ширкати чинӣ гуфтугӯ кардаанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об гузориш додааст, вазир Далер Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо роҳбарони ширкати чинии «Wangneng Environment» бархат ё онлайнӣ гап заданд.
Дар ин вохӯрӣ, масъалаи “бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе ва истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзондани партовҳо” баррасӣ шудааст.
Дар хабарномаи расмӣ гуфта нашудааст, ки мақомот бо ин ширкати чинӣ ба чӣ т...
- Title
- Фавти афсаре, ки ҷасадҳои сарбозонро пайдо ва ба наздикон месупорид
- Runtime
- 2:59
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Фавти афсаре, ки дар Украина ҷасадҳои сарбозонро пайдо ва ба наздикон месупорид
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/favti-afsare-ki-jasadhoi-sarbozonro-paydo-va-ba-nazdikon-mesuporid/33824217.html
- Title
- Дар Русия мусулмонон барои намозгузорӣ дар кӯча ҷазо мегиранд
- Runtime
- 4:46
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Дар Русия мусулмонон барои намозгузорӣ дар кӯча ҷазо мегиранд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dar-rusiya-musulmonon-baroi-namozguzori-dar-kucha-jazo-megirand/33823494.html
- Title
- "Танҳо барои ду хирси сафед ҳаррӯз 3 тонна ях омода мекунем"
- Runtime
- 2:07
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- "Танҳо барои ду хирси сафед ҳаррӯз 3 тонна ях омода мекунем"-Ин аст вокуниши ходимони Боғт вуҳуши шаҳри Прага дар муқобили гармои тоқатфарсои Аврупо.
- Title
- Кӯдакони тоҷикистонӣ бо зулму ситам ва издивоҷи бармаҳал мувоҷеҳ будаанд
- Runtime
- 3:57
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Сарфи назар аз тағйири қонунҳо, ислоҳот ва сахттар кардани ҷазо барои танбеҳ ва кӯдакозорӣ, ҳазорон кӯдаку наврас дар Тоҷикистон бо хатарҳои ҷиддие чун зулму задан, издивоҷи бармаҳал рӯбарӯ ҳастанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/kudakoni-tojikistoni-bo-zulmu-sitam-va-izdivoji-barmahal-muvojeh-budaand/33821740.html
- Title
- "Даҳҳо нафар ҷанҷол карданду танҳо писари ман ҳабс шудааст"
- Runtime
- 3:34
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- "Даҳҳо нафар ҷанҷол карданду танҳо писари ман ҳабс шудааст".
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/dahho-nafar-janjol-kardandu-tanho-pisari-man-habs-shudaast/33824204.html
- Title
- Пахтакорони Фархор аз тақсими об шикоят доранд
- Runtime
- 1:39
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Дар ноҳияи Фархор, яке аз ноҳияҳои бузурги пахтапарвар ва гарму тафсони Тоҷикистон деҳқонони зиёде аз тақсими ба қавли онҳо ноодилонаи об, шикоят доранд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/pakhtakoroni-farkhor-az-taqsimi-ob-shikoyat-dorand/33824224.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 7-уми августи соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Модари тоҷик мегӯяд, писарашро ба ноҳақ дастгир карданд. Садҳо ҷасадро ёфту ба хешовандонаш супурд, ҷасади худашро ҳам оварданд. Беобӣ дар Фархору дигар ноҳияҳо кишоварзонро ба дод овардааст. Ҳавои гарми тоқатфарсо ба Аврупо бармегардад, ҷони ҷонваро дар хатар аст.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (07.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Модари тоҷик мегӯяд, писарашро ба ноҳақ дастгир карданд.
Садҳо ҷасадро ёфту ба хешовандонаш супурд, ҷасади худашро ҳам оварданд.
Беобӣ дар Фархору дигар ноҳияҳо кишоварзонро ба дод овардааст.
Ҳавои гарми тоқатфарсо ба Аврупо бармегардад, ҷони ҷонваро дар хатар аст.
- Title
- Дар бораи Қобилҷон Алиев китоб чоп карданд
- Runtime
- 1:01
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Як шоири тоҷик дар бораи Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ҳашт моҳ пеш дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шуд, китоб навиштааст.
"Достони Қобилҷон"-и шоир Салоҳиддин Мирзозода дар нашриёти "Эр-Граф" бо теъдоди 200 нусха чоп шуд.
Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, китоб аз пешгуфтор ва достони шеърӣ дар бораи писараш иборат аст.
Қобилҷон Алиеви даҳсола рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактаби ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, ав...
- Title
- Дар бораи Қобилҷон Алиев китоб чоп карданд
- Runtime
- 3:21
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Коҳиши вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия
Нақшаи Тоҷикистон барои насби дастгоҳҳои “Starlink” дар минтақаҳои дурдаст
Озодӣ дар Твиттер: https://twitter.com/RadioiOzodi
Озодӣ дар Фейсбук: https://www.facebook.com/radio.ozodi
Озодӣ дар Инстаграм: https://www.instagram.com/radioiozodi/
- Title
- Нақшаи Тоҷикистон барои насби дастгоҳҳои “Starlink” дар минтақаҳои дурдаст
- Runtime
- 1:17
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Оҷонсии инноватсияи Тоҷикистон аз баррасии “Харитаи роҳи ҳамкорӣ” бо масъулини ширкати “Starlink” хабар додааст. Ин вохӯрии бархат ё онлайнӣ 5-уми август гузашт.
Ба гузориши Оҷонсӣ, бар асоси ин нақша “истифодаи интернети моҳворавӣ барои муассисаҳои соҳаҳои тандурустию маориф, хизматрасониҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ дар минтақаҳои дурдаст” дар назар аст.
Манбаъ мегӯяд, бо ширкати “Starlink” “ба мувофиқа расиданд, ки корро оид ба таҳия ва татбиқи Харитаи роҳ” идома диҳанд.
Ҷузъиёти бештар дар ин бора расонаӣ нашудааст.
Мақ...
- Title
- Коҳиши вуруди муҳоҷирони тоҷик ба Русия
- Runtime
- 1:17
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия дар нимаи аввали соли равон ба таври назаррас кам шудааст.
Нашрияи русии «Ведомости» бо такя ба омори идораи марзбонии Русия навишт, дар моҳҳои январ-июни имсол 494 ҳазор тоҷикистонӣ бо ҳадафи кор ба Русия ворид шудаанд. Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад камтар шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро намегӯянд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон моҳи июли имсол, дар як нишасти матбуотӣ танҳо гуфт, дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 ...
- Title
- Равуои заминӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон танзимм хоҳад шуд
- Runtime
- 3:20
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Интизор меравад, ки намояндагони Тоҷикистону Эрон ва Толибон дар Афғонистон охири моҳи октябр дар Кобул ҷамъ омада, иҷрои як санад дар бораи долони нақлиётиеро баррасӣ кунанд, ки Тоҷикистону Эронро ба ҳам мепайвандад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ravuoi-zamini-miyoni-tojikiston-afghoniston-va-eron-tanzimm-khohad-shud/33823488.html
- Title
- Украина талаб дорад, шикори исон бо паҳподи нерӯҳои Русия маҳкум гардад
- Runtime
- 2:47
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Украина талаб дорад, шикори исон бо паҳподи нерӯҳои Русия маҳкум гардад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/ukraina-talab-dorad-shikori-ison-bo-pahpodi-neruhoi-rusiya-mahkum-gardad/33823375.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 6-уми августи соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Долони Тоҷикистону Афғонистону Эрон баҳсбарангез шуд Аз озодӣ бадашон омад? Боздошти ду мард пас аз афв Тоҷири шикоршудаи украинӣ аз ваҳшаташ гуфт Даҳҳо нафарро дар Русия барои намоз дар берун ҷазо додаанд
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (06.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Долони Тоҷикистону Афғонистону Эрон баҳсбарангез шуд
Аз озодӣ бадашон омад? Боздошти ду мард пас аз афв
Тоҷири шикоршудаи украинӣ аз ваҳшаташ гуфт
Даҳҳо нафарро дар Русия барои намоз дар берун ҷазо додаанд
- Title
- Таҳхонаи биноҳои баландошёнаро паноҳгоҳ мекунанд
- Runtime
- 0:56
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Як мансабдор дар вилояти Суғд гуфтааст, ширкатҳои сохтмонӣ ҳаққи фурӯши таҳхонаи биноҳоро надоранд ва ин маконҳо ҳамчун паноҳгоҳ дар ҳолати фавқулода истифода мешаванд.
Фурқат Шодизода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд 5-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар хулосаи додаашон ба ширкатҳои сохтмонӣ ин нуктаро дарҷ мекунанд, ки “таҳхонаро ба шаҳрвандон нафурӯшанд ва онро барои паноҳгоҳҳо монанд”.
Ба гуфтаи Шодизода, мақомот ҳақ доранд дар ҳолатҳои фавқулода таҳхонаи биноро гирифта, ҳамчун паноҳгоҳ баро...
- Title
- Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ
- Runtime
- 1:02
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Пулиси Душанбе мегӯяд, ду мардеро боздошт кардааст, ки бар асоси қонуни афв озод шуда, лекин боз даст ба ҷиноят заданд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, Дилшод Раҳматуллоев ва Шокир Исамуддинов ҳамагӣ баъди се рӯз баромадан аз зиндон, ба хонаи як сокини Душанбе даромада, “маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи қиматбаҳоро рабудаанд”.
Назари ин ду марди боздоштшуда ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтааст, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Банди 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон...
- Title
- Боздошти ду афвшуда бо гумони дуздӣ
- Runtime
- 2:53
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- 10 миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб
Таҳхонаи биноҳои баландошёнаро паноҳгоҳ мекунанд
Озодӣ дар Твиттер: https://twitter.com/RadioiOzodi
Озодӣ дар Фейсбук: https://www.facebook.com/radio.ozodi
Озодӣ дар Инстаграм: https://www.instagram.com/radioiozodi/
- Title
- 10 миллион евро барои кам кардани талафоти барқ дар Кӯлоб
- Runtime
- 1:08
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои нав кардани иншоотҳои энергетикӣ дар шаҳри Кӯлоб ва кам кардани талафоти барқ, ба Тоҷикистон 10 миллион евро қарз медиҳад. Созишномаи мазкур 5-уми август дар Душанбе имзо шудааст, аммо шарту шароити қарз эълон нашудааст.
Дар хабарномаи Вазорати молия омадааст, ин маблағ барои таҷдиди шабакаҳои барқ, ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ ва биллинг, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои ҳушманд сарф мешавад.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳам дар гузорише навишт, вазифаи асосии лоиҳа қонеъ гардонидан...
- Title
- Ҳаводорони арманӣ аз пирӯзии "Ҷаллод"-и тоҷикистонӣ хушҳол шудаанд
- Runtime
- 2:50
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Баъди як набард бо рақиби чеченаш ва шикаст додани ӯ дар Ереван, мардуми арманӣ ба "Ҷаллод"и тоҷикистонӣ аҳсану офарин гуфтанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/havodoroni-armani-az-piruzii-jallod-i-tojikistoni-khushhol-shudaand/33822778.html
- Title
- Чаро дар Тоҷикистон ҷазову танбеҳи блогерон афзоиш ёфтааст?
- Runtime
- 3:52
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Чаро дар Тоҷикистон ҷазову танбеҳи блогерон афзоиш ёфтааст? Посухи ин суолро ҳамкоронамон Иршод Сулймонӣ ва Амри Исоев ҷустуҷӯ кардаанд.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/charo-dar-tojikiston-jazovu-tanbehi-blogeron-afzoish-yoftaast/33822685.html
- Title
- Чаро сенатори амрикоӣ Президенти Русияро "авбош" меномад?
- Runtime
- 3:48
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Чаро сенатори амрикоӣ Президенти Русияро "авбош" меномад?
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/charo-senatori-amrikoi-prezidenti-rusiyaro-avbosh-menomad/33822773.html
- Title
- Дархости Тоҷикистон барои истирдоди модари 77-солаи Шавкати Муҳаммад
- Runtime
- 0:52
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- Дархости Тоҷикистон барои истирдоди модари 77-солаи Шавкати Муҳаммад
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/darkhosti-tojikiston-baroi-istirdodi-modari-77-solai-shavkati-muhammad/33822765.html
- Title
- "Амалиёт"-и зидди либоси “бегона” дар Панҷакент
- Runtime
- 1:13
- Date posted
- 1 month ago
- Description
- "Амалиёт"-и зидди либоси “бегона” дар Панҷакент.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/amaliyot-i-ziddi-libosi-begona-dar-panjakent/33822730.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 5-уми августи соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Маъракаи мубориза бо "либоси бегона" дар Панҷакент. Муҷозоти блогерон дар Тоҷикистон. Дархости истирдоди модари 77-солаи Шавкати Муҳаммад аз Австрия. Эҳтимоли тавсеаи таҳрими Русия аз тарафи ИМА. Пирӯзии размикори тоҷик дар зери парчами Тоҷикистону Арманистон.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (05.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:06
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Маъракаи мубориза бо "либоси бегона" дар Панҷакент.
Муҷозоти блогерон дар Тоҷикистон.
Дархости истирдоди модари 77-солаи Шавкати Муҳаммад аз Австрия.
Эҳтимоли тавсеаи таҳрими Русия аз тарафи ИМА.
Пирӯзии размикори тоҷик дар зери парчами Тоҷикистону Арманистон.
- Title
- Путин қонунҳои сахтгиронаро дар бораи муҳоҷирон имзо кард
- Runtime
- 1:32
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо имзои чанд қонуни нав иҷозат додааст, ки назорат ба кор ва зиндагии хориҷиён дар ин кишвар сахттар шавад. Ҷое, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ бо умеди ёфтани маоши муносиб ва зиндагии беҳтар қарор доранд.
Тарҳи нави Кодекси маъмурии Русия яке аз қонунҳоест, ки Путин 4-уми август имзо кард. Танҳо ин кодекс 45 моддае дорад, ки дасти мақомоти Русияро барои ихроҷи муҳоҷирон бозтар мекунад.
Аз ҷумла, бо гуноҳи сарпечӣ аз талаботи пулис, ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ, бадном кардани нерӯҳ...
- Title
- Боздошти хориҷиён ба гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе
- Runtime
- 1:34
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Пулиси Душанбе аз боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.
Ин ниҳод бо нашри наворе гуфт, як гурӯҳ шаҳрвандон аз кишварҳои ҳамсоя, ошёнаи дуюми меҳмонхонаеро дар пойтахт ҳамчун маркази дилхушӣ ё караоке ба иҷора гирифта, онро ба фоҳишахона табдил додаанд.
Маълум нест ин гумонбарон аз кадом кишваранд ва мақомот ҳам дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо дар наворҳои мақомот аз макони ҳодиса, навиштаҷот бо хатти чинӣ дида мешавад
Ба иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, гумонбарон гурӯҳе аз ҷавондухтарон...
- Title
- Зани муҳоҷир барои зери по гузоштани парчам аз Русия ихроҷ мешавад
- Runtime
- 0:51
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Як шаҳрванди Узбекистонро, ки амалкардаш баҳси зиёдеро дар Русия барангехт ба зодгоҳаш ихроҷ мекунанд. Севара Мӯсоева ба он муттаҳам аст, ки қолинчае бо тасвири парчами Русияро зери пой андохтааст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/zani-muhojir-baroi-zeri-po-guzoshtani-parcham-az-rusiya-ikhroj-meshavad/33821732.html
- Title
- Шаҳрдор мегӯяд, ғасби "Ҷумъабозор"-и Хуҷанд дар чорчӯби қонун аст
- Runtime
- 5:34
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Шаҳрдор мегӯяд, ғасби "Ҷумъабозор"-и Хуҷанд дар чорчӯби қонун аст.
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/33821618.html
- Title
- Ҳамлаҳои нави Украина ба анборҳои ширкати азими Вайлдберис дар Русия
- Runtime
- 2:55
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Ҳамлаҳои нави Украина ба анборҳои ширкати азими Вайлдберис дар Русия
Сомонаи Радиои Озодӣ: https://www.ozodi.org/a/hamlahoi-navi-ukraina-ba-anborhoi-shirkati-azimi-vayldberisi-rusiya/33821620.html
- Title
- Ахбори Озодӣ аз 4-уми августи соли 2026 (Пахши зинда)
- Runtime
- 14:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Русияву Украина бо паҳподҳои қотил ба якдигар зарба заданд. Дар Тоҷикистон зулм ба кӯдак ва задани онҳо зиёд шудааст. Раҳбарони Хуҷанд мегӯянд, «Ҷумъабозор»-ро қонунӣ мегиранд. Як муҳоҷирро бо баҳонаи «беҳурматӣ» ба парчами Русия ихроҷ мекунанд.
- Title
- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон (04.08.2026) اخبار تاجیکستان )
- Runtime
- 15:01
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Русияву Украина бо паҳподҳои қотил ба якдигар зарба заданд.
Дар Тоҷикистон зулм ба кӯдак ва задани онҳо зиёд шудааст.
Раҳбарони Хуҷанд мегӯянд, «Ҷумъабозор»-ро қонунӣ мегиранд.
Як муҳоҷирро бо баҳонаи «беҳурматӣ» ба парчами Русия ихроҷ мекунанд.
- Title
- "Зани тоҷик президент шуда метавонад?"
- Runtime
- 15:59
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Агар президент, ё масалан вазири корҳои дохилӣ, ё фарз кардем додситони кулли Тоҷикистон зан мебуд? Чӣ мешуд? Ё фақат бояд мардҳо раису вазиру президент бошанд. Медонед, ки имрӯз дар миёни 14 вазир дар кишвар танҳо 2 нафар зан ҳастанд. Чаро? Барномаи Салом, хоҳар дар ҳамин бора аст.
- Title
- Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст
- Runtime
- 3:21
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Нақшаи буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо иҷро нашудааст
Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасади фавтидагонро манъ карданд
Озодӣ дар Твиттер: https://twitter.com/RadioiOzodi
Озодӣ дар Фейсбук: https://www.facebook.com/radio.ozodi
Озодӣ дар Инстаграм: https://www.instagram.com/radioiozodi/
- Title
- Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасади фавтидагонро манъ карданд
- Runtime
- 0:56
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Раиси ҷумҳури Қирғизистон қонунеро имзо кард, ки бар асоси он сӯзондани ҷасади фавтидагонро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ то соли 2040 манъ мекунад. Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Қирғизистон, ташаббускори ҷорӣ намудани ин маҳдудият Девони вазирони Қирғизистон аст. Мақомот набудани зерсохтори зарурӣ ва сарчашмаи маблағгузориро аз сабабҳои манъ кардани сӯзондани ҷасадҳо гуфтанд. Соли 2024 дар Қирғизистон қонуне қабул шуда буд, ки сӯзондани ҷасадҳо дар ин кишвар иҷозат медод. Баъзе вакилони порлумон он вақт гуфтанд, ки чунин иншоот бо маблағ...
- Title
- Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст
- Runtime
- 1:17
- Date posted
- 2 months ago
- Description
- Дар нимаи аввали соли равон, Тоҷикистон аз 19 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла аз Кореяи Шимолӣ ёриҳои башардӯстона гирифтааст. Ба гузориши Оҷонсии омор, маблағи кумакҳо зиёда аз 12 миллион долларро ташкил медиҳад. Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ бузургтарин кумакрасонҳои Тоҷикистон дар соли равон ҳастанд ва зиёда аз нисфи ёриҳо аз ин чор кишвар будааст. Дар гузориши Оҷонсии омор бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфта шудааст, ки 1,5 дарсади кумакҳои башардӯстона ба Кореяи Шимолӣ рост меояд. Аммо мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд...

