JAHONNAMO NEWS 2
Президенти Тоҷикистон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.
- Title
- Президенти Тоҷикистон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.
- Runtime
- 5:22
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ шудааст, боздид карданд.
Варзишгоҳи марказӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҳисоби Фонди рушди ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 4,3 миллион сомонӣ навсозӣ карда шуд. Масоҳати иншоот 1,7 гектарро ташкил дода, корҳои барқарорсозӣ ибтидои соли равон оғоз гардида буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз варзишгоҳ ва с...
- Title
- Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи қаннодии «Шоҳасар» ба истифода дода шуд
- Runtime
- 5:03
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Рудакӣ ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи қаннодии «Шоҳасар»-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи қаннодии «Шоҳасар» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муҳаммад Насриддинов дар масоҳати 2,42 гектар сохта шудааст. Баъди ба истифода додани корхона, ки дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сан...
- Title
- Иштироки Пешвои миллат дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар”
- Runtime
- 2:59
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зару...
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
- Runtime
- 1:31
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад. Таъкид шуд, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми ...
- Title
- Оғози сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия
- Runtime
- 0:59
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона пазироӣ карданд. Зимни ин сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «аутрич / БРИКС плюс», «БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳанд дод
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар
- Runtime
- 1:03
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Қатар баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо, ки имсол 30 сол аз он пур мешавад, ёдовар шуда, робитаҳои фарҳангиро яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд. Ҷонибҳо баргузории рӯзҳои фарҳанги Қатар д...
- Title
- Пешвои миллат аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар шаҳри Турсунзода бозид намуданд
- Runtime
- 11:25
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуда, бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии аз ангур омодашуда сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ шинос шуданд. Ангури «Шоҳона», «Президент», «Ҳусайнии сафед», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ғалаба», «Кард...
- Title
- Оғози Намоишгоҳи " Бохтар - Фуд -2024"
- Runtime
- 7:38
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Пешвои миллат аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дар ш.Турсунзода дидан карданд
- Runtime
- 6:41
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз боғҳои ангур дар Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2008 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи боғпарвари шинохта марҳум Камол Мадумаров дар масоҳати беш аз 500 гектар замин бунёд карда шудааст. Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Роҳб...
- Title
- Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони «Бибиоиша» ба истифода дода шуд
- Runtime
- 7:21
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша»-ро дар деҳаи Заркамар 1-и деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" Маҳмадамин Камолов – писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ, шодравон Ҳоҷӣ Камол Мадумаров дар пайравӣ б...
- Title
- Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода
- Runtime
- 6:35
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода як қатор иншоот, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббиро ифтитоҳ намуданд. Иншооти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд. Бинои иловагии таълимӣ та...
- Title
- Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
- Runtime
- 2:28
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст. Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манз...
- Title
- Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳо -сарвазирони давлатҳои аъзои CҲШ
- Runtime
- 2:33
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 16 октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд. Дар ҷаласа масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи судманд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд. Аз ҷумла, ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории амалӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷу...
- Title
- Қоҳир Расулзода бо Шаҳбоз Шариф ва Ли Тсян мулоқот намуд
- Runtime
- 1:39
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 15 октябр дар доираи ҷаласаи 23-уми Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)- и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду давлат аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай марҳила ба марҳила рушд менамоянд. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ ...
- Title
- Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ
- Runtime
- 7:50
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳури...
- Title
- Гусели Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
- Runtime
- 6:03
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони вилоят чун расми истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо шукуҳу шаҳомат ва сипосгузории мардум аз сарвару раҳнамои хеш сурат гирифт. Аҳли фарҳанг ва сокинони сипосгузори вилоят бо самимияти хоса меҳмони олимақомро бо суруру...
- Title
- Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 15 ошёнаро ба истифода доданд
- Runtime
- 3:51
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна ифтитоҳ ёфт
- Runtime
- 3:05
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд. Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд. Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани бинои баландошёна ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳусни дигар зам гардидааст. Бинои баландошёна 154 хонаи истиқоматии барҳаво дошта, ...
- Title
- Дар шаҳри Хоруғ ҶДММ «Помир Стоун» ба истифода дода шуд
- Runtime
- 3:40
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 13 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун», бо номи Санги Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфта, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар бо кор таъмин буданд. Барои коркарди санг дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Аз рӯйи лоиҳа иқтидори кор...
- Title
- Хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи н.Ишкошим
- Runtime
- 6:27
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 13 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди поёни деҳоти Зонг хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, мавриди истифода қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Биноҳои нави истиқоматӣ дар давоми бештар аз як моҳ бунёд гардида, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо о...
- Title
- Истиқболи Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ
- Runtime
- 10:35
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешраф...
- Title
- Дар ноҳияи Роштқалъа Мактаби №26 ба истифода дода шуд
- Runtime
- 6:55
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро, ки аз 4 ошёна иборат мебошад, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти тозабунёди соҳаи маориф дар ин ноҳияи дурдаст дорои шароити муосири илмомӯзӣ буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаб дар масоҳати 2134 метри мураббаъ сохта шуда, дар он 31 синфхонаи таълимӣ,...
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
- Runtime
- 18:40
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияи Роштқалъа баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии сарзамини аҷдодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва баланд бардошт...
- Title
- Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ба истифода дода шуд
- Runtime
- 1:46
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав, ки аз 2 ошёна иборат аст дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар китобхонаи он китобҳои тозанашр, хоса асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар адабиёти илмиву бад...
- Title
- Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа
- Runtime
- 2:02
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар маркази ноҳия нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муҳайёшуда шинос гардиданд. Бинои Ҷамоат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 19 ҳуҷраи корӣ...
- Title
- Пешвои миллат ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” -ро ба истифода доданд
- Runtime
- 3:17
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт. Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 4 хати истеҳсолӣ буда, дар он 12 номгӯи ма...
- Title
- Дар ноҳияи Рӯшон “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо” ба истифода дода шуд
- Runtime
- 5:51
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири “Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо”-ро ифтитоҳ намуданд. Дар ин рӯз хурсандии сокинони ноҳия ва беш аз 120 нафар кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро маҳз бо иштироки Сарвари давлат барояшон бинои зебову замонавии 3-ошёнаи Маркази инкишофи кӯдакон ба фаъолият шуруъ намуд. Маркази таълимии томактабӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Достамбуев Назархудо дар мудати 2 сол бунёд гардида, б...
- Title
- Пешвои миллат бо ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуданд
- Runtime
- 3:55
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд. Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳоло дар ноҳия барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо як мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ в...
- Title
- Дар ноҳияи Рӯшон “Сабзавоти Кӯҳистон” ба истифода дода шуд
- Runtime
- 3:11
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” боздид намуданд. ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза аз ҷониби соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шудааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин сохта шуда, ...
- Title
- Пешвои миллат дар ноҳияи Рӯшон майдони Нишони давлатиро ба истифода доданд
- Runtime
- 1:24
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд. Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ дар асоси лоиҳаи ҷолиб, дар паҳлуи парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шудааст. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар май...
- Title
- Истиқболи Пешвои миллат дар ноҳияи Рӯшон
- Runtime
- 8:15
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилоят...
- Title
- Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ суханронӣ намуданд
- Runtime
- 22:49
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 10 октябр дар бинои Парлумони Тоҷикистон бо ибтикори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд.
- Title
- Суханронии Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии М.Фироқӣ
- Runtime
- 8:26
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони “Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба робитаҳои дӯстию бародарӣ бо мардуми туркман, ҳамкории аҳли зиё ва гиромидошти шоир ва маорифпарвари маъруфи Туркманистон Махдумқулӣ Фироқӣ, ки бо сарпарастии ЮНЕСКО 300-солагии зодр...
- Title
- Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко
- Runtime
- 1:08
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Рустами Эмомалӣ бо Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд
- Runtime
- 1:08
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Пешвои миллат роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба ҳузур пазируфтанд
- Runtime
- 3:33
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқл...
- Title
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
- Runtime
- 4:13
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон мешуморем. Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ...
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф
- Runtime
- 4:25
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки “мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем”. Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷи...
- Title
- Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
- Runtime
- 0:12
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчи...
- Title
- Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ
- Runtime
- 2:35
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид. Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Зимнан, таъкид гардид, ки яке ...
- Title
- Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия
- Runtime
- 0:30
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар
- Runtime
- 2:08
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Қатар баррасӣ гардид. Ба ҷалби сармояи қатарӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ, ки чанд дафъа ба Тоҷикистон таш...
- Title
- Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Луълуъ Ал-Хотир дар Қатар
- Runtime
- 2:15
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвари мо ва Фонди Қатар оид ба ру...
- Title
- Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа
- Runtime
- 0:40
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.
- Title
- Mountain villages of Tajikistan
- Runtime
- 3:58
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Title
- Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
- Runtime
- 5:36
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст гузориши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои к...
- Title
- Президенти Тоҷикистон аз ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” боздид намуданд
- Runtime
- 8:07
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд. Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, пурра анҷом ёфтааст. Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро шудааст. Ҳоло корҳои мустаҳкамк...
- Title
- Пешвои миллат аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун” дидан намуданд
- Runtime
- 6:25
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд. Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетик...
- Title
- Дар шаҳри Роғун «Маркази рушди малакаҳои касбӣ» ифтитоҳ гардид
- Runtime
- 4:26
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид. Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат м...
- Title
- Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар Душанбе
- Runtime
- 2:32
- Date posted
- 2 years ago
- Description
- Аз 2 то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад. Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд.

